Ҳамал (21 март-20 апрел)
Имрӯз ором ва бе мушкилоти ҷиддӣ мегузарад. Ин фурсатест, ки нақшаҳои ояндаро фикр кунед ва корҳои муҳимро пеш баред. Имкони оғоз кардани кори нав ё омӯзиши чизи ҷолиб пайдо мешавад. Дар масъалаҳои молиявӣ шитоб накунед ва аз гирифтани қарз худдорӣ намоед. Эҳсосоти худро идора кунед, зеро асабоният метавонад ҳам ба саломатӣ ва ҳам ба муносибатҳои ошиқонаву оилавӣ таъсири манфӣ расонад.
Савр (21 апрел-21 май)
Имрӯз хотираҳои муҳаббати гузашта ба ёдатон меоянд ва шояд баъзе воқеаҳоро аз нав арзёбӣ кунед. Барои истироҳат ва барқарор кардани нерӯ беҳтар аст вақти бештарро дар хона гузаронед. Музокироти корӣ бобарор анҷом меёбанд ва суханони шумо таъсири хуб мегузоранд. Ҳангоми қабули қарорҳо шитоб накунед. Барои оромии рӯҳу ҷисм машқҳои оромкунанда ё мулоҳиза хеле муфид хоҳанд буд.
Ҷавзо (22 май-21 июн)
Имрӯз рафтори шахси дӯстдошта метавонад шуморо каме нороҳат кунад. Ба эҳсосот роҳ надиҳед ва аз баҳсу нофаҳмиҳо худдорӣ кунед. Баъд аз нисфирӯзӣ хабари ғайричашмдошт метавонад нақшаҳоятонро дигар кунад. Дар масъалаҳои пулӣ эҳтиёткор бошед, қарз нагиред ва хароҷоти калон накунед. Агар худро хаста ҳис кунед, бештар истироҳат кунед ва ба саломатии худ аҳамият диҳед.
Саратон (22 июн-22 июл)
Имрӯз хабаре мешунавед, ки метавонад ба муносибатҳои шумо бо шахси дӯстдошта таъсир расонад. Ба падару модар ва дигар наздикон бештар меҳрубонӣ зоҳир кунед, зеро дастгирии онҳо барои шумо муҳим аст. Агар корҳоятон зиёд бошанд, аз ҳамкорон кумак пурсед. Аз додани қарз ва сармоягузории хатарнок худдорӣ намоед. Дар масъалаҳои саломатӣ танҳо ба маслиҳати духтур такя кунед.
Асад (23 июл-23 август)
Имрӯз дар муносибатҳои ошиқона бахту барор ҳамроҳи шумост. Агар байни шумо ва наздикон нофаҳмӣ бошад, онро бо суҳбати самимӣ ҳал кунед. Ба корҳое машғул шавед, ки ба шумо хушҳолӣ мебахшанд. Дар ҷои кор имкони пешрафт ва беҳтар шудани вазъи молиявӣ вуҷуд дорад. Дар баробари кор, барои истироҳат ва машғулияти дӯстдошта низ вақт ҷудо кунед.
Сунбула (24 август-23 сентябр)
Агар чизе дар муносибатҳои шахсӣ шуморо нороҳат мекарда бошад, онро оромона баён намоед. Пас аз заҳмати зиёд вақти каме истироҳат кардан расидааст. Бо дӯстон вохӯред ва рӯҳияи худро болида гардонед. Дар ҷои кор бо роҳбар муносибати хуб пайдо мекунед ва ин метавонад ба пешрафти касбиатон мусоидат кунад. Аз харидани чизҳои нолозим худдорӣ кунед ва бегоҳ хуб истироҳат намоед.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Имрӯз вохӯриҳои ошиқона ва шиносоии нав ба шумо эҳсоси хуш мебахшанд. Аммо барои бовар кардани шахси нав шитоб накунед. Дар ҳама кор бодиққат бошед ва аз якравӣ дурӣ ҷӯед. Барои имзои шартномаҳо, таҳсил ва сафари кӯтоҳи корӣ рӯзи муносиб аст. Вазъи молиявӣ тадриҷан беҳтар мешавад. Барои нигоҳубини саломатӣ аз муоинаи духтур гузаштан низ муфид аст.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Имрӯз касе метавонад муҳаббати худро нисбат ба шумо ошкор кунад ва ин шуморо ҳайрон месозад. Бо наздикон бештар суҳбат кунед ва эҳсосоти худро пинҳон надоред. Дар ҷои кор муносибатро бо ҳамкорон беҳтар созед. Агар касе бо шумо ноодилона рафтор кунад, ба баҳс надароед. Ба ғизои солим аҳамият диҳед ва аз хӯрокҳои равғанину хамирӣ камтар истифода баред.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Имрӯз сафар ё пиёдагардӣ метавонад боиси шиносоии ҷолиб гардад. Барои расидан ба ҳадафҳо бо сабру оромӣ амал кунед. Дар кор масъулияти бештар ба шумо бовар карда мешавад ва ин имкони нишон додани қобилиятҳои роҳбарии шумост. Барои соҳибкорон имкони зиёд шудани даромад вуҷуд дорад. Дар ғизо эҳтиёткор бошед ва хӯрокҳои вазнинро зиёд нахӯред.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Агар касе эҳсосоти шуморо қабул накунад, худро маҷбур насозед. Бигзор ҳама чиз табиатан пеш равад. Агар дар муносибат бо шахси наздик сардӣ эҳсос кунед, бо ӯ оромона суҳбат намоед. Дар ҷои кор аз овозаҳо ва суханҳои беасос дур бошед. Вазъи молиявӣ ба зудӣ беҳтар мешавад. Барои барқарор кардани нерӯ бештар дар табиат истироҳат кунед.
Далв (21 январ-19 феврал)
Дар зиндагии шахсӣ тағйироти ҷиддӣ пешбинӣ намешавад ва ин барои шумо хуб аст. Имрӯз барои амалӣ кардани нақшаҳои муҳим ва орзуҳои дерина вақти муносиб мебошад. Дар ҷои кор қувваи худро дуруст ҳисоб кунед ва аз ҳад зиёд масъулият нагиред. Ба ҳисси ботинии худ бовар кунед, зеро он метавонад шуморо аз иштибоҳҳо нигоҳ дорад. Рӯҳияи мусбатро нигоҳ доред.
Ҳут (20 феврал-20 март)
Имрӯз барои гармтар кардани муносибатҳои ошиқона имконияти хуб пайдо мешавад. Агар нияти хариди хона ё гирифтани қарз дошта бошед, шароит метавонад мусоид гардад. Дар назди шумо интихоби байни пешрафти касбӣ ва зиндагии ороми оилавӣ меистад. Барои амалӣ кардани орзуҳои дерина ҷуръат кунед. Агар бемории кӯҳна дошта бошед, худро зиёд хаста насозед ва бештар истироҳат кунед.