Ҳамал (21 март-20 апрел)
Имрӯз барои ҳамалҳо шитоб кардан лозим нест. Агар ором бошед, бисёр масъалаҳо худ ба худ ҳал мешаванд. Дар кор супоришҳои хурд пеш меоянд, вале шумо аз уҳдаашон мебароед. Дар муносибатҳои ошиқона сухани сахт нагӯед, нармгуфторӣ муҳим аст. Ба саломатӣ диққат диҳед, худро хаста накунед. Шом барои истироҳат ва суҳбати ором мувофиқ аст.
Савр (21 апрел-21 май)
Имрӯз барои саврҳо ором ва устувор мегузарад. Корҳои қаблан оғозшуда натиҷаи хуб медиҳанд. Дар масъалаҳои пулӣ эҳтиёткор бошед, хароҷоти нолозим накунед. Муносибатҳои оилавӣ гармтар мешаванд. Агар хаста шуда бошед, дам гиред. Шом барои истироҳат ва барқарор кардани қувваи рӯҳӣ хеле мувофиқ аст.
Ҷавзо (22 май-21 июн)
Имрӯз ҷавзоҳо фаъол ва сергап мешаванд. Рӯзи хуб барои вохӯрӣ, гуфтугӯ ва ҳалли масъалаҳои таъхирёфта аст. Дар касбу кор диққатнокиро аз даст надиҳед, ҳар суханро санҷида қабул кунед. Муносибатҳои ошиқона рӯҳияатонро болида месозанд. Хабаре мешунавед, ки шуморо хурсанд мекунад. Шомро дар муҳити ором гузаронед.
Саратон (22 июн-22 июл)
Имрӯз саратонҳо якраву дағал мешаванд. Кӯшиш кунед асабонӣ нашавед ва қарорҳоро бо оромӣ қабул намоед. Дар касбу кор сабр лозим аст. Ба хона ва наздикон бештар вақт ҷудо кунед. Масъалаҳои молиявиро ба таъхир гузоштан беҳтар аст. Шом барои истироҳат, оромиш ва фикрҳои мусбат муносиб мебошад.
Асад (23 июл-23 август)
Имрӯз асадҳо дар маркази диққат қарор мегиранд. Андешаҳо ва пешниҳодҳои шумо ба ҳама писанд меоянд. Дар касбу кор имкони пешрафт вуҷуд дорад. Дар муносибатҳои ошиқона ба худписандӣ роҳ надиҳед. Ба саломатӣ аҳамият диҳед. Шом барои истироҳати фаъол ё суҳбат бо дӯстону наздикон мувофиқ аст.
Сунбула (24 август-23 сентябр)
Барои сунбулаҳо рӯзи серкорӣ аст. Корҳои майда зиёд мешаванд, вале шумо бо тартиб ҳамаашро иҷро мекунед. Дар муносибатҳои ошиқона ростқавл бошед. Хастагӣ эҳсос мешавад, бинобар ин, истироҳатро фаромӯш накунед. Шомро беҳтараш дар фазои ором гузаронед. Ин ба шумо қувваи нав мебахшад.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Имрӯз мизонҳо бояд оромӣ ва тавозунро нигоҳ доранд. Дар касбу кор баҳсҳои хурд пеш меоянд, вале бо сухани нарм ҳал мешаванд. Қарорҳои муҳимро саросема қабул накунед. Муносибат бо дӯстону наздикон шуморо рӯҳбаланд мекунад. Аз хароҷоти зиёдатӣ худдорӣ намоед. Шом барои истироҳат хеле мувофиқ аст.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Барои ақрабҳо рӯзи серташвиш аст. Шумо бисёр чизро амиқ дарк мекунед, аммо беҳтараш хулосаҳоро ором баён кунед. Дар касбу кор диққатнокӣ лозим аст. Муносибатҳои шахсӣ метавонанд беҳтар шаванд. Аз стресс ва асабоният дурӣ ҷӯед. Шом барои танҳоӣ ва барқарор кардани нерӯ муносиб мебошад.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Имрӯз қавсҳо мехоҳанд дар зиндагии худ чизеро тағйир диҳанд. Рӯзи хуб барои нақшаҳои нав ва омӯзиш аст. Дар касбу кор пешниҳодҳои ҷолиб пайдо мешаванд. Ба ваъдаҳо ҷиддӣ муносибат кунед. Муносибат бо атрофиён хуб мешавад. Ба саломатӣ аҳамият диҳед. Шом барои истироҳати сабук мувофиқ аст.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Имрӯз ҷаддиҳо бояд сабрро пеша намоянд. Кор масъулияти бештарро талаб мекунад, вале заҳмататон беҳуда намемонад. Натиҷа каме дертар, аммо хуб мешавад. Дар оила ҳамдигарфаҳмӣ муҳим аст. Аз худ зиёд талаб накунед. Шом барои истироҳат ва барқарор кардани нерӯ хеле муносиб мебошад.
Далв (21 январ-19 феврал)
Имрӯз далвҳо фикрҳои ҷолиб доранд. Дар касбу кор метавонед роҳи ҳалли нав пайдо кунед. Машварат бо атрофиён ба фоидаатон аст. Муносибатҳои ошиқона ором ҷараён мегиранд. Асабонӣ нашавед. Шомро бо машғулияти дӯстдошта ё суҳбати ором гузаронед.
Ҳут (20 феврал-20 март)
Имрӯз ҳутҳо зудранҷу нозук мешаванд. Ба ҳисси дарунии худ гӯш диҳед. Дар корҳои эҷодӣ пешравӣ дида мешавад. Муносибат бо наздикон гарм ва самимӣ мешавад. Аз хаёлпарастӣ дурӣ ҷӯед. Ба саломатӣ диққат диҳед. Шом барои оромиш ва истироҳати рӯҳӣ бисёр мувофиқ аст.