Ҳамал (21 март-20 апрел)
Имрӯз ситораҳо пешгӯӣ мекунанд, ки ба умеди касе нашуда, миёнро мустаҳкам бандеду аз пайи кор шавед. Зеро касе дар фикри ёрӣ додан ба шумо нест. Бо шахсони наздикатон муоширатро хуб ба роҳ монед. Дар оилаатон тифле ба дунё меояд ва шуморо лозим аст, ки нисбати навзод меҳрубонтар бошед.
Савр (21 апрел-20 май)
Имрӯз дар ҷои кор тафтишоти молиявӣ гузаронида мешавад. Агар тиҷорати шумо софдилона ба роҳ монда шуда бошад, пас хатаре ба шумо таҳдид намекунад. Ба як дидан ба инсонҳо бовар накунед, эҳтимоли фиреб хӯрданатон вуҷуд дорад. Истироҳат ба ҳаёти шахсӣ халал намерасонад.
Ҷавзо (21 май-21 июн)
Дар дилатон шубҳаҳо пайдо шуда, намегузоранд, ки шумо ба муваффақиятҳо ноил шавед. Аз будаш зиёд худро хубу хоксор нишон надиҳед. Ҳамоне бошед, ки ҳастед. Даромади иловагӣ дар назар аст. Ҷавзоҳое, ки ба бемориҳои фишорбаландӣ ва диабети қанд гирифторанд, худро бештар эҳтиёт кунанд.
Саратон (22 июн-22 июл)
“Даҳони пӯшида сад тилло” гуфта, имрӯз хомӯширо ихтиёр кунед, беҳтар аст. Саломатиатон шуморо ташвиш намедиҳад, аммо зиёд оби хунук нанӯшед. Шомгоҳон дар хона нанишаста, ҳамроҳи ҳамсаратон ба ягон тарабхона равед. Сюрпризҳое кунед, ки ӯро дар ҳайрат гузоред.
Асад (23 июл-22 август)
Имрӯз бо нафарони бообрӯ ва пешрафта мулоқот кунед. Ин барои интихоби дуруст дар бисёр соҳаҳо ба шумо кӯмак хоҳад кард. Дар бораи наздикони худ зиёд фикр карда, хавотир нашавед, зеро онҳо чӣ кор карданашонро хуб медонанд. Масъалаҳои кориро ба ҳар кас бовар накунед.
Сунбула (23 август-23 сентябр)
Имрӯз барои пайдо намудани манбаи дигари даромад рӯзи мусоид аст. Кӯшиш кунед, аз овозаҳое, ки гирди номатон паҳн мешаванд, ба хашм наоед. Шом ба ҳамсаратон хӯроки лазиз фармоиш диҳед ва дар паҳлӯи онҳо хӯроки шом тановул кунед. Аз истеъмоли ширинӣ парҳез кунед.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Барои худ нафарони ҳамфикр пайдо намоед, то дар лаҳзаҳои душворӣ ва ғамгинӣ бо онҳо дарди дил карда тавонед. Ба ҳар гуна бозиҳои хатарнок машғул нашавед, зеро дар насибатон бурд не, балки бохт аст. Барои ба ҳадаф расидан саъю талош варзед. Иҷозат надиҳед, ки обрӯю эътибори шуморо паст зананд.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Дар ҳолатҳои зарурӣ ба дӯстони худ комилан такя карда метавонед. Вақти он расидааст, ки марҳила ба марҳила ба вазифаи дигар гузаред. Ақрабҳои муҷаррадро лозим аст, ки аз пайи пайдо намудани ҷуфти мувофиқи худ бишаванд. Аз нафарони бахил ва суханчин дуртар бошед.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Ҷаҳонбинии шумо чунон васеъ шудааст, ки дар дилатон ҳаваси навиштани китоб ё кашидани расм пайдо мешавад, аммо ба эҳсосот дода нашавед. Суханҳои хубро қабул кунед, аммо барои суханҳои беарзиш асабатонро хароб насозед. Оилавӣ ба тамошои намоишномаи театрӣ биравед.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Имрӯз аз касе қарз нагиред, хусусан, аз дӯстони наздикатон, зеро ин қарз дар охир бо муноқиша меанҷомад. Мунтазам ба варзиши сабук ва обутоби бадан машғул шавед. Ҳам соҳиби андоми зебо мешавед ва ҳам саломатии худро барқарор мекунед. Ба лоиҳаҳои шумо аз пештара камтар сармоягузорӣ мекунанд.
Далв (21 январ-18 феврал)
Имрӯз тибқи нақша амал кунед. Барои ҳимояи худ аз гуфтани ҳеҷ сухане худдорӣ накунед. Дар ҷои кор фаромӯш накунед, ки чӣ вазифа доред. Зиёдтар об нӯшед ва аз истеъмоли ғизоҳои хамирӣ худдорӣ кунед. Саломатиатон шуморо ташвиш медиҳад, беаҳамиятӣ накунед.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Ҳутҳо имрӯз каме аз худ мераванд, зеро чанд муддати охир комёбӣ насибашон асту аз ин меболанд. Афроди муҷаррад имрӯз ҳам барои худ ҷуфти муносиб пайдо карда наметавонанд. Даромади иловагии пулӣ низ дар назар нест. Ин маънои онро надорад, ки рӯзи шумо бебарор аст. Шом хабари хуш мешунавед.