ТОЛЕЪНОМАИ 24-УМИ НОЯБРИ СОЛИ 2025
1284

Ҳамал (21 март-19 апрел)

Имрӯз дар ҷодаи муҳаббат ва муносибатҳои ошиқона оромӣ эҳсос мешавад. Агар ҳанӯз ҷуфт надошта бошед, ба намуди зоҳирии худ аҳамият диҳед, ин ба шумо боварӣ мебахшад. Бо аҳли хонавода мулоим суҳбат кунед, баҳсҳо бо фаҳмиш рафъ мешаванд. Дар кор дастгирӣ доред, вале масъулиятҳои худро ба каси дигар насупоред. Имрӯз барои масъалаҳои молӣ, сафар ва корҳои ҳуқуқӣ рӯз хуб аст.

Савр (20 апрел-20 май)

Рӯз аз шумо самимият ва оромиро талаб мекунад. Дӯстдории худро ниҳон насозед, муҳаббат бо дилгармӣ оғоз меёбад. Ба наздикон кумак кунед, некӣ ба шумо бармегардад. Шомро бо ҷуфтатон ором гузаронед. Дар кор бо гуфтугӯи нарм натиҷаи хуб мегиред. Нисбати саломатӣ бидуни воҳима муносибат намоед, дар ҷустуҷӯи беморӣ нашавед.

Ҷавзо (21 май-20 июн)

Имрӯз қадами аввалро дар ҷодаи муҳаббат худатон гузоред, интизорӣ натиҷа намедиҳад. Дар хона нофаҳмӣ эҳтимол дорад, бо суҳбати ором масъала ҳал мешавад. Шояд вазифа ё пешниҳоди ҷиддӣ гиред, аммо масъулиятҳо низ зиёд мегарданд. Аз роҳи даромади зуд парҳез кунед, хатар дорад. Имрӯз каме хаста мешавед, бобуначой ё чой бо пудина ба шумо оромӣ ва қувва мебахшад.

Саратон (21 июн-22 июл)

Рӯзи пур аз эҳсосот аст. Шояд муҳаббати нав ё тарси аз даст додани касе шуморо ба фикр барад. Агар корҳоятон соз нараванд, худро гунаҳкор надонед, рӯзи чандон бобарор нест. Танқиди ростро ҳамчун душманӣ қабул накунед. Шом барои корҳои молӣ ва харид мувофиқ аст. Агар хаста шуда бошед, ҳатман истироҳат кунед, бадан ба шумо ишора медиҳад, ки нерӯи нав мехоҳад.

Асад (23 июл-22 август)

Имрӯз ҷозибаи шумо бештар аст ва метавонед диққати касеро ҷалб кунед. Ба наздикон аҳамият диҳед, муҳаббат ва ғамхории шумо онҳоро қавӣ мекунад. То нисфирӯзӣ корҳоятонро бо ҷиддият иҷро кунед, натиҷа зуд пайдо мешавад. Имкони даромади иловагӣ ҳаст. Дар масоили пулӣ шитоб накунед. Парҳез имрӯз чандон натиҷа намедиҳад, мубодилаи моддаҳо каме суст аст.

Сунбула (23 август-22 сентябр)

Имрӯз метавонад хабари хуш, шиносоии гуворо ё гуфтугӯи самимӣ биёрад. Дар қарорҳои муҳим ҷасур бошед, вале маслиҳати наздиконро низ гӯш кунед. Бо дӯстону хешон вохӯрӣ рӯҳатонро болида мекунад. Ишқбозиҳои бемаънӣ обрӯятонро мерезонанд. Вазъи молиявӣ тадриҷан беҳтар мешавад. Изтиробҳои ҳаррӯза ба саломатӣ таъсири ҷиддӣ надоранд.

Мизон (23 сентябр-22 октябр)

Мулоқоти ошиқона имрӯз хуб мегузарад, шумо ҷаззоб ҳастед. Дар атроф қарорҳои нодуруст гирифта мешаванд ва шояд асабатон каме хира гардад, вале масъулияти худро ба каси дигар нагузоред. Имрӯз вақти хуб барои анҷоми корҳои ҷамъшуда аст. Дар касбу кор ба маслиҳати нафарони ботаҷриба такя кунед. Дар масъалаҳои пулӣ ба фикри худ бовар кунед. Пеш аз машқ вазъи баданро санҷед.

Ақраб (23 октябр-21 ноябр)

Имрӯз ба намуди зоҳирии худ каме диққат диҳед, шиносоиҳои ногаҳонӣ зиёд мешаванд. Дар хона нофаҳмии хурд метавонад ба миён ояд, аммо суҳбати ором ҳама чизро ҳал мекунад. Дар кор фаъол бошед, ҳатто агар роҳбар шуморо пурра нафаҳмад. Имрӯз лоиҳаҳои кӯҳнаро ба охир расонед, аз нав оғоз накунед. Барои саломатӣ ва варзиш вақт ҷудо кунед.

Қавс (22 ноябр-21 декабр)

Имрӯз эҳтимоли шиносоии гарм ва пурэҳсос вуҷуд дорад, аммо шояд дер напояд. Дар сухан гуфтан эҳтиёт бошед, сухани тез касеро меранҷонад. Вазъи молиявӣ тадриҷан беҳтар мешавад ва шояд бо ҳуҷҷатҳои муҳим сарукор гиред. Дар истеъмоли ғизо эҳтиёт бошед, сабзавот зиёдтар хӯред, аз хӯроки хамирӣ камтар истифода баред.

Ҷаддӣ (22 декабр-19 январ)

Рӯзи хуб барои муҳаббат аст, ба дӯстдоштаатон таваҷҷӯҳ ва меҳрубонӣ нишон диҳед. Дар кору хона масъулият зиёд мешавад, аммо шумо ба осонӣ аз ӯҳдааш мебароед. Имкони гирифтани маоши бештар ҳаст, вале корҳо низ меафзоянд. Нақшаи молиявиро дақиқ тартиб диҳед. Саломатӣ хуб аст, аммо хастагии сабук эҳсос мешавад, барои истироҳат каме вақт ҷудо кунед.

Далв (20 январ-18 феврал)

Имрӯз шояд шиносои муҳими ошиқона пайдо кунед, ҳатто агар шахс аз шумо дар синну сол калонтар бошад ҳам, дар муҳаббат синну сол нақш намебозад. Хонаро аз ашёи нолозим тоза кардан ҳолати равониро сабук мекунад. Имрӯз метавонед дар назди роҳбар худро хуб нишон диҳед. Машқҳои ҷисмонӣ ба шумо фоида меоранд, ҳатто агар машқҳо одӣ бошанд.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Имрӯз сюрпризҳои гувороро интизор бошед, ошиқатон метавонад шуморо хушҳол кунад. Дар хона нофаҳмӣ аз стресс дида мешавад, бо оромӣ ва мулоимӣ суҳбат кунед. Дар баҳс эҳсосоти худро идора намоед, то касеро наранҷонед. Дар масъалаҳои пулӣ эҳтиёт бошед, хароҷоти нолозим мумкин аст мушкил биёрад. Шом хастагӣ меорад, барои худ вақт ҷудо кунед ва ором шавед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД