Ҳамал (21 март-20 апрел)
Имрӯз муносибат бо ҷинси муқобил хуб мешавад. Барои изҳори муҳаббат ё қабули қарорҳои ҷиддӣ рӯзи мувофиқ аст. Шояд мавқеи худро ҳимоя карданатон лозим шавад. Баъзеҳо шуморо дуруст намефаҳманд, зеро бештар ба мушкилиҳои шахсӣ машғулед. Хабари хуш аз субҳ рӯҳияатонро боло мебарад. Хароҷоти калон имкон дорад, аммо вазъи молиявии шумо устувор мемонад.
Савр (21 апрел-21 май)
Беҳтараш рӯзро бо аҳли оила гузаронед. Наздикон метавонанд шуморо бо туҳфаи гуворо хурсанд кунанд. Дар нимаи аввали рӯз баҳсҳо пеш меоянд, вале шумо ҳаққонияти худро исбот карда метавонед. Харидҳои ногаҳонӣ бобарор мешаванд. Барои дар танҳоӣ фикрҳои худро ҷо ба ҷо кардан каме вақт ҷудо кунед.
Ҷавзо (22 май-21 июн)
Имрӯз баъзе орзуҳоятон амалӣ мешаванд. Ба ҳисси ботинии худ бовар кунед. Дар гуфтор эҳтиёткор бошед, ҳатто ҳангоми шӯхӣ. Дар касбу кор шитоб накунед, ҳар қадамро бодиққат фикр кунед. Барои ҳалли масъалаҳои молиявӣ рӯзи хуб аст. Ба саломатӣ диққат диҳед, бемориҳои сабукро сарфи назар накунед.
Саратон (22 июн-23 июл)
Дар муносибатҳои ошиқона шитоб накунед, робитаи мустаҳкам вақт мехоҳад. Рашк ва нобоварӣ метавонад вазъро бадтар кунад. Агар мушкил пайдо шавад, сабабашро оромона ҳал намоед. Даромади молиявӣ шояд кам бошад, аммо ин хавфнок нест. Ба саломатӣ диққат диҳед, махсусан ба дил ва фишори хун.
Асад (24 июл-23 август)
Имрӯз бештар бо шахси дӯстдошта бошед, ин ба шумо нерӯи хуб мебахшад. Барои таъмири хона рӯзи мувофиқ нест. Бо вуҷуди ин, метавонед баъзе мушкилоти худро ҳал кунед. Шиносоии ошиқона низ имкон дорад. Дар масъалаҳои пулӣ эҳтиёткор бошед. Нимаи рӯз худро каме хаста ҳис мекунед, истироҳат кунед.
Сунбула (24 август-23 сентябр)
Дастовардҳои худро ба шахси дӯстдоштаатон нақл кунед, ӯ шуморо дастгирӣ мекунад. Баъзан чунин менамояд, ки дигарон бар зидди шумо ҳастанд, аммо ин танҳо гумон аст. Агар нақшаҳо иҷро нашаванд, ноумед нашавед. Дар масъалаҳои молиявӣ эҳтиёткор бошед. Рӯз ором мегузарад, танҳо худро зиёд хаста накунед.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Барои ҳалли мушкилот роҳҳои навро истифода баред. Шумо бояд байни кор ва ҳаёти шахсӣ мувозинат пайдо кунед. Ба наздикон бештар таваҷҷуҳ диҳед, ин аз баҳсҳо пешгирӣ мекунад. Имрӯз метавонед масъалаҳои душворро осон ҳал намоед. Пулро сарфакорона истифода баред. Ба саломатӣ ва варзиш низ аҳамият диҳед.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Имрӯз фишор овардан ва баҳс кардан ба муносибатҳои ошиқонаатон зарар мерасонад. Беҳтараш ба корҳои хона машғул шавед. Эҳтимол мукофот мегиред. Дар кор санҷишҳо мумкинанд, бинобар ин бодиққат бошед. Бо вуҷуди саломатии хуб, эҳсоси изтироб метавонад пайдо шавад.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Имрӯз ҷаззобияти шумо зиёд мешавад ва ин ба муностбатҳои ошиқонаатон таъсири хуб мерасонад. Муносибат бо наздикон гармтар мегардад. Ба суханҳои пасипардагӣ аҳамият надиҳед. Аз орзуи зуд бой шудан худдорӣ кунед. Шояд кори нав оғоз кунед, аммо ҳоло вақти он нест. Хастагии ҷисмонӣ ва рӯҳӣ эҳтимол дорад.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Ҳангоми изҳори муҳаббат эҳтиёткор бошед. Имрӯз эҳтимоли омадани меҳмонон вуҷуд дорад. Аз шикоятҳои зиёд худдорӣ кунед ва ба вазъият бо ақл назар кунед. Корро то охир расонед — устуворӣ ба шумо муваффақият меорад. Аз таъсири дигарон дур бошед. Фаъолияти ҷисмонӣ барои шумо муфид аст.
Далв (21 январ-19 феврал)
Ишқбозӣ дар ҷои кор оқибати хуб надорад. Оиладорон метавонанд бо хешовандони ҳамсар нофаҳмӣ дошта бошанд. Хабари муҳим метавонад вазъро тағйир диҳад. Имрӯз барои вохӯриҳои муҳим ва имзои ҳуҷҷатҳо рӯзи хуб нест. Пулро эҳтиёткорона сарф кунед. Аз хӯрокҳои ношинос худдорӣ намоед.
Ҳут (20 феврал-20 март)
Барои нафарони танҳо шиносоии ҷолиб, вале кӯтоҳмуддат дар пеш аст. Суҳбати самимӣ бо наздикон шуморо ором мекунад. Барои он ки гапатонро гуш кунанд, худатон ҳам дигаронро гӯш кунед. Дар кор ҳама чиз тибқи нақша мегузарад. Худро таҳлил кунед ва аз хатоҳо хулоса бароред. Пули зиёд бо худ нагардонед ва эҳтиёт бошед.