sebiston july new
ТОЛЕЪНОМАИ 31-УМИ ОКТЯБРИ СОЛИ 2022
2983

 

Ҳамал

Қабл аз он ки нақшаеро тарҳрезӣ менамоед, вазъиятро дуруст баҳогузорӣ намуда, ба нуқтаи назари нафароне гӯш андозед, ки бо шумо ҳамфикр нестанд. Мушкилиҳои хурди молиявӣ, ки дар мадди аввал назарногир менамоянд, оҳиста-оҳиста калону ҷиддӣ мешаванд. Шумо хароҷоти беҳуда бисёр мекунед. Табъатон тамоми рӯз хира мегардад. Кори вазнинро ба нақша нагиред. Сабаб дар нофаҳмии бо дӯстдоштаатон рухдода аст.

 

Савр

Мушкилии молиявиро танҳо дар сурате рафъ карда метавонед, ки беҳуда харид накунед. Нофаҳмии бо наздиконатон рухдодаро зуд рафъ месозед. Муҳаббатро аз дил дур насозед, беҳтараш зиндагии худро рангин гардонед. Нимаи дуюми рӯзро бо истироҳат ва сайругашт гузаронед. Эҳтимоли бад шудани муносибат бо ҳамкорон дар назар аст.

 

Ҷавзо

Бо вуҷуди баъзе ҳодисаҳои ногувор рӯзи бобарор аст. Мушкилиҳоеро, ки қаблан рафъ сохта наметавонистед, дар ин рӯз ҳал мекунед. Барои мулоқоти ошиқона рӯзи мусоид аст. Аз хӯрдани хӯрокҳое, ки қаблан истеъмол накардаед, худдорӣ намоед. Дар акси ҳол аз дарди меъда нороҳат мегардед. Имкони беҳтар сохтани вазъи молиявиро пайдо месозед.

 

Саратон

Корҳои пештар саркардаи худро ба анҷом расонед, вагарна рӯзҳои дигар аз уҳдааш баромада наметавонед. Барои оғози муносибатҳои ошиқона рӯзи мусоид нест, аз ин рӯ, беҳтараш аз вохӯриҳо худдорӣ намоед. Бегоҳирӯзӣ ноором мегузарад. Нофаҳмӣ бо наздикон бо сабаби мушкилоти рӯзгор сар мезанад. Агар ба ин чиз диққат надиҳед, табъатон хира намегардад.

 

Асад

Дар ин рӯз ба ҳар коре, ки даст мезанед, атрофиёнро асабонӣ месозад. Сабаб дар он аст, ки барои ба мақсад расидан худхоҳиву дағалӣ нишон медиҳед. Танҳо наздиконатон ҳолати шуморо дарк мекунанд. Ба ҳеҷ ваҷҳ ба асабоният дода нашавед, фаромӯш насозед, ки торҳои асаб барқарор намешаванд. Бар замми ин, дарди сар ва руҳафтодагӣ азият медиҳад. Танҳо меҳрубониву ғамхории шахсе, ки дӯсташ медоред, шуморо аз чунин ҳолат берун месозад.

Сунбула

Рӯзи душвор аст. Ягона чизе, ки боиси хушҳолӣ аст, дар корҳоятон муваффақ мегардед. Маблағи хуби пулӣ ба даст меояд. Барои харидани асбобҳои техникӣ рӯзи мусоид аст. Дар ҳама кор, аз ҷумла дар хӯрокхӯрӣ, корҳои ҷисмонӣ ва муносибатҳои ошиқона андозаро нигоҳ доред. Вагарна саломатиятон нохуб гашта, масунияти бадан паст мегардад. Беҳтараш витамин истеъмол намоед. Барои мулоқоти ошиқона рӯзи мусоид аст.

Мизон

Беҳуда кӯшиши ба анҷом расонидани кореро, ки аз уҳдааш намебароед, накунед. Каме даромади пулӣ ва баргардонидани қарзҳоятон дар назар аст. Харидани либосро маслиҳат намедиҳем. Ба хасташавӣ роҳ надиҳед. Агар сари вақт истироҳат накунед, гирифтори фишори руҳӣ мегардед. Дӯстдоштаатон имрӯз аз меҳрубониву дастгириятон шод мегардад ва муносибатҳоятон беҳтар мегардад.

Ақраб

Дар ин рӯз асабҳоятон чандон ором нест, аз ин рӯ, бадхоҳон ба зудӣ зарари худро расонида метавонанд. Баъди нисфирӯзӣ шахси дӯстдоштаатон шуморо дастгирӣ мекунад. Барои табобати бемориҳое, ки шуморо азият медиҳанд ё барои баланд бардоштани нерӯи ҳаётӣ бештар адабиётҳои тиббиро мутолиа намоед. Агар нияти харид кардану ба бозор рафтанро дошта бошед, бо наздикон маслиҳат кунед. Дар акси ҳол дар оила муноқиша сар мезанад.

Қавс

Рӯзи орому бобарор аст. Дар масъалаҳои молиявӣ комёбӣ насиби нафароне мегардад, ки бо фаъолияти омӯзгорӣ ва нашриёт сару кор дорад. Бо вуҷуди нофаҳмиҳои оилавӣ шумо бо меҳрубонӣ муноқишаҳоро рафъ месозед. Кӯшиш намоед, ки хобатон бароҳат ва субҳонаатон хуб бошад. Ба дӯстдорони қаҳва бегоҳирӯзӣ нӯшидани онро тавсия намедиҳем. Харидҳо бобарор мешаванд.

Ҷаддӣ

Асабоният имрӯз бар зарари худатон аст. Кор ба ҷое мерасад, ки муносибатҳоятон бо шахси бароятон азиз вайрон мегардад. Атрофиён аз шумо сабру таҳаммулро интизоранд. Мушкилиҳои саҳар сарзадаро баъди нисфирӯзӣ рафъ месозед. Барои аз ҷароҳатҳо эмин мондан аз сафарҳои роҳи дур ва корҳои вазнини ҷисмонӣ худдорӣ намоед. Ташвиши зиёд боиси хастагӣ мегардад. Корҳои вазнин ва ба эҳсосот дода шуданатон ба саломатӣ беасар намемонад. Бештар бо амри дил амал намоед.

 

Далв

Дар ин рӯз нафарони бо ҳам қаҳриро оштӣ дода, рӯҳафтодагонро шод гардонида метавонед. Барои корҳои шахсии худ вақт наёбед ҳам, ғамгин намегардед. Асабатон дар ин рӯз ноором мегардад. Муносибатҳоятон бо шахсе, ки дӯст медоред, беҳтар мегарданд. Мушкилоти молиявӣ каме ташвишатонро зиёд месозад, вале вазъият зуд рӯ ба беҳбудӣ меорад.

 

Ҳут

Дар ин рӯз бо нафароне дар робита мешавед, ки хеле самимиву хоксоранд. Агар ба тахаюлоти худ дода шавед, мулоқоти ошиқонаро беҳтар месозед. Эҳтимоли ба даст овардани маблағи пулӣ ва туҳфа дар назар аст. Дар саломатиятон чизе ташвиш намедиҳад, вале боз эҳтиёткор бошед. Аз утоқҳои маҳкаму ҳавоногузар дурӣ ҷӯед, вагарна аз зуком раҳоӣ намеёбед.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД