toyota motors
Томирис баъди садама: Рӯҳафтода шудам
68

Томирис Хуршедзода - блогер ва актрисаи ҷавон, ҳамчунин, яке аз иштирокчиёни озмуни “Мисс Душанбе-2026”, ки ҳафтаи гузашта ба садама дучор шуда буд, нахустин бор бо мо суҳбат анҷом дод.

Озмуни ҷумҳуриявии “Мисс Душанбе-2026” бо ташаббуси Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид. Даври аввали он 4-уми марти соли ҷорӣ дар Телевизиони “HD Душанбе” гузашт, ки аз 500 довталабон 70 каси интихобшуда ба даври дуюм, ки 24-уми март дар “Ҳайят Реҷенси” гузашт, истеъдодҳояшонро нишон доданд.

Дар даври сеюм, яъне нимафинал, бояд духтарон наворҳо аз корҳои хайриявиро пешкаши ҳакамон менамуданд. Маҳз баъди омода кардани ин навор, яке аз фаъолтарин иштироккунандагон Томирис Хуршедзода бо мошини худ ба садамаи нақлиётӣ дучор мешавад. Ин ҳодиса дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардида, ҳеҷ касро бетараф намегузорад.

Баъди садама Томирис дар беморхона бистарӣ шуд. Мо бо ӯ вохӯрда, аз ҳолати воқеа пурсон шудем. Ӯ гуфт:

- Ман, ки узви Ассотсиатсияи блогерон мебошам, аз тамоми чорабиниҳо зуд бохабар мешавам. Дар Инстаграмм маълумот дар бораи озмуни “Мисс Душанбе”-ро шахсан худам эълон кардаам. Духтарони зиёд таваҷҷуҳ зоҳир карда, ҷалб шудаанд. Аввал, маро барои ҳамкорӣ даъват карданд, то аз рафти озмун дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳо пахш кунам, аммо дар рафти ин кор худам шавқманд шуда, тасмими иштирокчӣ буданро гирифтам. Дар даври якум вазну қадро диданд, ман ба тамоми талабот ҷавобгӯ будам. Дар даври дуюм нишон додани истеъдод буд. Ман, ки аз хурдӣ ба актёрӣ завқ дорам, порчаеро аз “Шоҳнома” бо нақши Гурдофарид пешкаш намудам.

Дар даври сеюм, вазифа барои ман - саҳмгузор шудан дар амали хайре дар “Хонаи пиронсолон” гардид. Аввал рафта бо коргарон ва бошандагони он ҳамсуҳбат шуда, ба чӣ чиз ниёз доштанашонро пурсидам. Ин чизҳоро омода карда, бо наворбардор ба он ҷо рафта, сюжаро омода кардем. Баъди танзими ин навор баробари ба хона баргаштанам, аз барам ронандаи дигар ба чароғаки сурх мегузарад ва мошини ман ба садама дучор мешавад. Одамон ҷамъ шуда, маро ба беморхона бурданд.

Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, навори омодакардаро ба мутасаддиёни озмун равон кардам. Фикр кардам, ба шароити ман даромада, маро ба даври ҷамъбастӣ мегузаронанд. Аммо афсӯс... Хело рӯҳафтода шудам.

Мухлисони зиёд, ки хело аз онҳо миннатдорам, баҳри дидорбинии ман омаданд ва то ҳол дастгирӣ мекунанд. Обуначиёни зиёди ман шояд ба ман овози зиёд медоданд, аммо ба тақдир тан додам. Маро на танҳо аз шабакаҳои иҷтимоӣ, балки аз нақшофарӣ дар филмҳо низ мешиносанд: “Домоди бонкир”, “Келини очам”, “Нерӯи ишқ”, ки дар онҳо нақши асосиро бозидаам.

Аз ҳамааш ҷолиб ҳамин, ки дар “Хонаи пиронсолон” бо яке аз бошандагонаш ҳамсуҳбат шуда будам, ӯ дуои некам дода буд. Аз ҳолати кор огаҳӣ ёфта, ӯ кофта-кофта ба беморхона омад. Бо ҳайрат гуфт, ки “чӣ хел ман ин набераи дилкушодамро дуо додам, ки вай ба ин ҳол гирифтор шуд?”. Ман дар ҷавоб гуфтам, ки маҳз дуои шумо буд бобоҷон, ки худованд маро ҳифз кард, ман зинда мондаму осебҳои ҷиддӣ нагирифтам...

Ин видеоро дар 2 рӯз 1 млн нафар диданд.

Ман дар риштаи ҳуқуқшиносӣ, дар Академияи идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ғоибона таҳсил менамоям. Ҳамчун блогер фаъолият дорам. Ба иштирокчиёни Озмуни “Мисс Душанбе” ғолибияти боадолатро орзумандам, ба онҳое, ки ба сегонаи ғолибон ворид нашаванд, табъи болидаро таманно дорам, иштирок - аллакай ғолибият аст!

Саида РУСТАМОВА

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД