Дар кунҷи дилам…
Гулбоғ дигар дар хона зиқ ҳам намешуд, писаракашро нигоҳубин мекарду кору бору хонаашро, хӯрок пӯхта омадани шавҳарашро мунтазир менишаст. Насимҷон ҳар бегоҳ бо халтаҳои пур аз хӯрокворӣ ва шириниҳои ҳархеле вориди хона мешуду тамоми зиндагияшро нисори зану фарзандаш мекард. Дарёи зиндагӣ дар маҷрои хеш равона буду Бунёдҷони ширини Гулбоғу Насимҷон низ рӯз ба рӯз қада кашида, ба писараки зебои паҳлавончае мубаддал мегашт. Писаракашон дусола шуду Насим аз Гулбоғ хоҳиш кард, ки барояш духтарчае ба дунё биёрад, аммо ҷавонзан гуфт:
- Мардак, аввал як бор ба ватан рафта биёем, хонаҳои сохтаамонро муҷаҳҳаз гардонида, бӯрёкӯбон намоем, баъд фикри фарзанди дуюмамонро кунем. Ман ҳавои ватанро ёд кардам, падару модар, хоҳаронамро…
Насимҷон гӯё маътали ҳамин ишорат бошад, розӣ шуд. Ӯ ҳамсарашро, ки каме фарбеҳ шуда, дилработар гашта буд, ба оғӯш кашида, бехи гӯшаш пичирроз зад:
- Занакҷон, албатта мо ба ватан меравем, ту ба орзуят мерасӣ. Аз он ҷо баргашта дар курси ронандагӣ мехонӣ ва ман бароят мошини ваъдагиямро мегирам.
Гулбоғ баъди ин гапҳояш шавҳарашро бӯсаборон намуд, аммо дар оғӯши шавҳар буду дилаш кашоли интиқом гирифтан аз бачаҳои деҳаашон, ки ӯро одам намедонистанд. Дар кунҷи дили Гулбоғ оташи кина фурӯзон буд, аммо аз гӯшаи хотир ҳам намегузаронид, ки худи ӯ сабабгори он гашта буд, ки ҳама аз вай ҳазар мекарданд.
Бӯйи ватан
Бунёдҷон ба дувунимсолагӣ қадам ниҳод, баҳор фаро расид, ҳарчанд дар Маскав омадани он эҳсос намешуд, вале Гулбоғ медонист, ки дар ватани азизаш аллакай сабзаҳо рӯйидаанду мардум ба Наврӯз тайёрӣ дида истодаанд. Модараш дар тамоси навбатияш гуфт, ки суманак мондаасту ба шарафи омадани онҳо суманакпазӣ хоҳанд кард. Гулбоғ барои модару хоҳарон, кампири Маряму пайвандони ӯ дар алоҳидагӣ туҳфа гирифту онҳо бо бори зиёд ҷониби ватан роҳ пеш гирифтанд. Онҳоро ба фурудгоҳ худи Иван Иванович, хӯҷаини Насимҷон, ки акнун барои онҳо одами наздик ва азиз шуда буд, гусел кард. Дар фурудгоҳ онҳоро бе ягон санҷиши зиёдатӣ бо бору бунашон зуд гузаронида, ба толори интизорӣ гусел намуданд. Иван Иванович ҳангоми хайрухуш ба дасти Гулбоғ як қабза пул дода, гуфт:
- Барои мӯйсафед (падарашро дар назар дошт) ягон чиз мехарӣ…
Чун онҳо ба тайёра даромаданду пулро ҳисоб карданд, Насим бо ханда гуфт:
- Бо ин пул барои амакам як мошини олиҷаноб харидан мумкин аст. Бигузор сари пириҳо ронда гардад, охир, ӯ як умр ронанда буд-ку…
Гулбоғ розӣ шуд, зеро худаш аз шавҳараш пинҳонӣ пули бисёре дошт, пулҳои додаи Миша, боз Насим ҳар вақт барои ину барои он гӯён пулаш медод. Худаш низ баъзе ҳолатҳо аз байни пулҳои шавҳараш чанд сумро кашида мегирифту дар хазинааш пинҳон мекард.
Чун онҳо ба Душанбе расиданд, бӯйи баҳори оламороро дар машоми ҷонашон эҳсос намуданд. Насимҷон аз фурудгоҳ таксиеро киро карда, зуд ба деҳа равон шуданд…
Шодии дидор
Дар хонаи амаки Миралӣ ва холаи Сайрамбӣ ҳамаи фарзандону наберагон ҷамъ шуда, шодмонӣ мекарданд. Падари хушбахт пеши пойи набераи раҳдураш гӯсфанди чориеро сар зад. Занон ба пухтани гӯштбирёну шӯрбо сар карданду меҳмонон бошанд, аввал аз хӯрдани хӯрокҳои баҳорӣ, аз қабили оши борику суманак оғоз намуданд. Он рӯз шодмонӣ дар авҷ буд. Рӯзи дигар Гулбоғу Нодир ба ҳавлии худашон рафтанд. Зану шавҳар бо дидани хонаи дуошёнаи барҳаво, боғу роғи дилкушо, кати чӯбини зебои ороста зери ҳавозаи ангур даҳонашон во монд, онҳо чунин шукӯҳу шаҳоматро чашмдор набуданд. Насим даҳ дар хонаро чену чоқ карда рӯзи дигар ба бозор рафта, аввал қолин гирифт. Хушдоманаш кӯрпачаҳои зебои дӯхтаашро оварда паҳн карду хона рангу намуди дигар гирифт. Ду рӯзи дигар дӯзандае барои қасрҳои Гулбоғ парда дӯхт, баъд ҷевону рахти хоби қиматбаҳо, яхдону бодбез, хулоса тамоми ҷиҳози хонаро харид намуданд. Баъд Насим ба мошинбозори пойтахт рафта, барои хусураш «ҶИП»-и зебоеро харидорӣ намуд. Мӯйсафеди Миралӣ аз ин саховати домодаш мутаассир шуда, туҳфаро қабул карданӣ набуд, вале Насим гуфт:
- Амакҷон, шумо сару бар шуда барои мо чунин ҳавлии зебо сохтед, ки ин ба ҳазорон доллар меарзад. Баъд, ин туҳфаи ман не, туҳфаи Иван Иванович аст, ӯ ба Гулбоғ пул дод, ки барои шумо туҳфа харем…
Амаки Миралӣ бо овози гиряолуд гуфт:
- Тавба, рус ҳам ба ин дараҷа хуб мешудааст-а…
Ҳангоми бозгашт духтарони амаки Миралӣ падарашонро сари чанбараки мошини бадвоҳима дида, ашк рехтанд. Апаи калонии Гулобоғ - Майсара Насимро ба оғӯш кашида, гуфт:
- Насимҷон, падари ман ҳамеша ғӯсса мехӯрд, ки писар надорад. Шавҳарони мо ҳама инсонҳои хуб ҳастанд ва кӯшиш мекарданд, ки писари падарам бошанд, аммо натавонистанд, хок дар сари камбағалӣ. Аз ҳамин рӯз иборатан ту додари қиёматии ҳамаи мо, зеро ба падари мо он қадар меҳрубон ҳастӣ, ки писар низ ин гуна меҳрубон буда наметавонад.
Насим аз ин изҳороти ногаҳонӣ ҳайрон шуда, бо овази паст афзуд, апаҳои азиз, ман барои падари шумо коре накардаам, ин туҳфаи ҳамон марди русест, ки маро дар Русия роҳи кор омӯхт. Ман аз ҷониби худам ваъда медиҳам, ки агар намураму зинда бошам, соли дигар амаку холаамро ба зиёрати Хонаи Худо мефиристам…
Амаки Миралӣ оби чашмашро ноаён бо рӯймолчааш пок карда, ба Насим гуфт:
- Насимҷон, ту гумон накун, ки ман барои туҳфаҳоят туро дӯст медорам. Ту барои ман ҳамчун як инсони хуб азиз ҳастӣ…
(Давом дорад)
Нисо ХОЛИД