Бӯрёкӯбон
Акнун Гулбоғ дар паҳлуи падараш мошинсавор ба бозор мерафту барои бӯрёкӯбонаш нозу неъмат мехарид.
Насим ба деҳаи падарияш рафта, кампири Марямро, ки бемору бистарӣ буд, ба хонааш овард, то ҳатман дар маъракааш ширкат кунад. Ба нею нестони кампир нигоҳ накарда, Насим ӯро ба маркази вилоят бурда, ба табибон нишон дод ва барояш доруву дармони зиёде харид. Духтаркаи ҳамсоя, ки дар коллеҷи тиббӣ мехондааст, дар як рӯз чанд бор аз аҳволи кампир хабар гирифта, дорую дармонашро сари вақт медод. Дар як ҳафтаи дар хонаи Насим будан, дигар ҷигари кампир дард намекарду изтиробаш низ камтар гашт.
Бӯрёкӯбон бо тантанаи зиёд баргузор гашту мардум ҳама ба Насиму Гулбоғ офарин гуфтанд. Мардуми деҳа бо ҳавас ба Гулбоғи нозанину хушлибос ва ширинзабон менигаристанд. Аз ин нигоҳҳои ҳавасолуд як гӯшаяки дили Гулбоғ тар шуд, вале…
Суҳбати шавҳар
Пас аз додани бӯрёкӯбон ва гусели меҳмонон, Насим Кмпири Марямро ба хонааш бурд. Акнун дар ҳавлии барҳаво ҳамроҳи ҳамсару писараш танҳо монданд. Онҳо аз ҳавои софу беғубори деҳа нафас кашида, аз меҳрубониҳои пайвандон лаззат бурда, гузаштани ду моҳро нафаҳмида монданд. Дар ин ду моҳ як навгонии дигар низ буд. Гулбоғ ба як марказе, ки ба навомӯзон ронандагиро ёд медоданд, дохил шуда, рондани мошинро ёд гирифт. Аслан ӯ машқи ронандагиро бо падарашу Насим мегузаронд ва танҳо барои гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ дар ин курс номнавис шуда буд. Зеҳнаш тез буд ва дар давоми ду моҳ тамоми нозукиҳои ронандагиро ёд гирифит, вале барои эҳтиёт ҳамеша Насим ё падараш дар бараш меистоданд. Пас аз чанде Гулбоғ имтиҳонҳоро бо сари баланд супорида, соҳиби шаҳодатномаи ронандагӣ шуд, захираи пулҳояшон ба охир мерасиданд, аз ин рӯ Насим азми сафари Русия кард ва розигӣ дод, ки Гулбоғ тобистонро низ дар ватан гузаронида, бо сар шудани хунукиҳои тирамоҳ ба Маскав меравад. Ин таъби дили Гулбоғ буд, зеро дар дил ҳавсаҳои ниҳонӣ дошт…
Маслиҳати зан
Барои Насим ҷудоӣ аз зани нозанин ва фарзанди азизаш душвор буд ва шаби охирини дар деҳа буданаш ҳамсарашро то субҳ хобидан намонда, ҳамроҳаш суҳбат мекард.
- Гулбоғҷон, ман ба тамоми орзуҳоям расидам, дар ватан хонаву дар ва зану фарзанди нозанин дорам. Акнун мехоҳам, ки дар ҳамин ҷо чанд мағоза кушода, дигар ба Русия наравам,- гуфт Насим.
Аммо Гулбоғро ин сухани шавҳар хуш наомаду чунин посух дод:
- Насимҷон, мардум имрӯз орзу мекунанд, ки шаҳрванди Русия бошанду он ҷо хонаву дар дошта бошанд. Мо бояд ғами фарзандонамонро хӯрем, онҳоро дар Маскав хононда одам кунем, ин ҷо намегурезад… Падару модар ва хешу таборон хонаву дарамонро аз мо дида зиёдтар нигоҳубин мекунанд… Барои хотирҷамъии ту ман аз падару модарам хоҳиш мекунам, ки аз фардо ба хонаи мо кӯч банданд, дар хонаи худашон апаи хурдиямро ҷо кунанд, шавҳари бечораи ӯ дар сад сол барои занаш хона сохта наметавонад.
Насим Гулбоғро аз ҷонаш зиёдтар дӯст медошт, аз ин рӯ ба маслиҳати ӯ гӯш андохт. Рӯзи дигар субҳи барвақт Гулбоғу падараш Насимро ба маркази вилоят бурда, ба тайёра шинонида гусел намуданд. Гулбоғ баъди рафтани шавҳар ба ҷойи зиқ шудан баҳри дилаш кушода шуду пайи амалӣ кардани ҳавасҳои нуҳуфтааш гашт.
Парии ноҳия
Гулбоғ дар даст маблағи зиёде дошт, дар харидани ҷиҳози хона ва маъракаҳои баргузорнамудаашон як тин сарф накарда буд. Ҳамаи ин ташвишҳо бори Насими бечора буданд. Гулбоғ аввал ба бозор рафта, матоъи қиматбаҳои сабзрангеро ҳамранги мошинаш харида, аз он либоси миллии зебое дӯхт. Баъд туҳфаҳои зиёд бардошта назди Оля - дугонаи деринааш рафт. Оля ӯро хуш пазироӣ намуда, аз таҳти дил хизмат расонд. Рӯзи дигар Гулбоғ худро мисли ситораҳои саҳна орою торо дода, сари чанбараки «ҶИП»-аш нишаста, тамоми ноҳияро чарх зад. Падару модараш дар хонааш зиндагӣ мекарданду ташвишҳои рӯзгорро медиданд. Бунёдча кайҳо аз синаи модар ҷудо шири сунъӣ мехӯрду бо бибияш ҳам ором бозӣ карда хоб мерафт. Ба Гулбоғ Худо дода буд… Ҳарчанд падараш бечора духтар ватанро ёд кардааст, мон хуб чарх занад гӯяд ҳам, дили холаи Сайрамбӣ ором набуд, зеро беҳуда нагуфтаанд «феъли саг ба соҳибаш маълум»…
Гулбоғ ҳамин тавр се рӯз пайи ҳам беҳдую баҳуда дар кӯчаҳои ноҳия мегашт, бозорҳоро тамошо мекард, ба навбат ба хонаи хоҳаронаш мерафт, ҳамсинфонашро бинад ҳам, ба онҳо салом намедод. Ҳам Амир ва ҳам Бахтиёрро дид, ки аз наздаш бо мошинҳои арзонбаҳои худ сигнал дода гузаштанд. Гулбоғ танҳо бо ними лаб саломашонаро алейк гирифту армонашро шикаст…
Рӯзи чоруми сайругашташ буд, ки мошини аз мошини худаш қиматбаҳотар наздаш қарор гирифта, аз дохилаш ҷавонмарди зебое фаромада, ба назди Гулбоғ омада, гуфт:
- Чандин сол боз ба ин ноҳия омада меравам, аммо якум бор мебинам, ки ин ҷо парӣ гаштугузор дорад…
Гулбоғ бо чашмони бозингар ба ҷавонмард нигоҳе партофта, гуфт:
- Эҳтиёт, боз паривара нашавед!
Ҷавонмард коғазакеро аз тирезаи мошини Гулбоғ ба дарун партофта, гуфт, ки кошкӣ ҳамин тавр шавад. Ман розиям, ки як умр ҳамин гуна парӣ азобам диҳад…
Гулбоғ назари кунҷковонаи чанд нафарро ба сӯяш дида, зуд ба мошинаш нишаста, роҳи деҳаро пеш гирифт…
(Давом дорад)
Нисо ХОЛИД