Тори макр (ҚИСМИ 6)
1253

Арӯсаки таърифӣ

Гулбоғ субҳи барвақт хеста ҳавлиро об зада рӯфту ҳамроҳи духтари Исҳоқ, ки дар синфи даҳум мехонд, наҳорӣ тайёр намуд. То Исҳоқу ду писари хурдсол ва занашу капири Марям аз хоб хеста намозашонро хонданд, ки аллакай хони пурнозу неъмат тайёр буд.

Дар чил рӯзи дар деҳа буданаш Гулбоғ ба боварии кампири Марям даромад, аммо чашмони бозингари арӯс як гӯшаяки дили кампирро хавотир нигоҳ медоштанд.

- Ана дидӣ, амма, арӯси хушкардаамон чӣ гуна духтари ҳунарманду хизматгор аст,- баъди як ҳафтаи тӯй ба кампир гуфт келинаш Гулсунбӣ, аммо кампир ба чашмони келинаш маънидор нигариста, гуфт:

- Намедонам чаро, аммо як гӯшаяки дилам хавотир аст. Чашмонаш ким-чихел, бозингару…

- Аммаҷон, ҷавонони ҳозира ҳамин хел, ман ҳамин қадар нигоҳ кардам, бозии чашмони ӯро нафаҳмидам,- гуфт Гулсунбӣ.

Аммо кампири якрав дар ақидааш устувор буд ва таъкид намуд:

- Ман чанд курта аз ту пештар дарондааму хуб медонам, ки чашм оинаи дил аст... Хайр, Худо ҳамин сағираи берӯзиро бахт диҳад...

Пас аз ду ҳафта холаи Сайрамбӣ ва духтаронаш бо тақу туқи зиёд ба хабаргирии Гулбоғ омаданду таърифи бисёреро ба унвони ӯ шунида, аз хурсандӣ ба курта намеғунҷиданд. Модари зор шукрона мекард, ки Худованд ба духтаракаш ақлу заковат ва ба қавли маъмул, тавфиқ додааст.

Азми сафар

Насим низ дар навбати худ ба хушдоманаш раҳмат гуфту изҳор дошт, ки баъди ду ҳафта билет гирифта ҳамроҳи арӯсаш ба Маскав мераванд. Холаи Сайрамбӣ гуфт:

- Бачаҷон, намешавад, ки аввал худат рафта кору боратро тинҷ карда, баъд омада занатро барӣ?!

Гулбоғ аз ин сухани модараш норозӣ ба ӯ нигоҳи сахте афканд, вале Насим ӯро хурсанд карда, гуфт:

- Ман он ҷо ҷову по дорам… Хӯҷаинам, ки дасти маро дар тиҷорат рост кардааст, хонаи холияшро барои зиндагӣ бахшидаасту мегӯяд оилаатро гирифта биё… Иван Иванович маро чун писараш медонад, охир, ман дасти рости ӯ ҳастам ва ҳама мағозаҳояшро бо бор таъмин мекунам, ӯ ба ман чун ба худаш бовар дорад.

- Хайр, ин тавр бошад, майлаш,- аз нигоҳи сахти духтараш тарсида, гуфт кампири Сайрамбӣ...

Пеш аз сафар Насим ба хусураш гуфт:

- Амак, ман аз Маскав лоиҳаи хона ва пул мефиристам, шумо сохтмонро сар кардан гиред...

Амаки Миралӣ майлаш гӯён, ба духтару домодаш роҳи сафед талабид. Насиму Гулбоғ бо дуои кампири Маряму пайвандонаш ва волидайн рахти сафар бастанд.

Ошиқи шайдо

Насим аз дилу ҷон ошиқи ҳамсари нозанину мавзунқоматаш гашта буд ва мехост тамоми орзуҳои ӯро бароварда кунад. Аз ин рӯ дар яке аз меҳмонхонаҳои бонуфузи пойтахт ҷо гирифта, ба Гулбоғ гуфт:

- Мехоҳам ба ту аввал зебогиҳои пойтахти кишварамонро нишон диҳам. Каме ғами беғам занему баъд ба Маскав равем, зеро дар Маскав ман фақат думболи кор мегардаму ту дар хона зиқ шуда маро интизор мешавӣ…

Гулбоғ бо ноз сарашро хам кард, вале дар дилаш гуфт:

- Ҳоло аввал маро ба Маскав бар, баъд мебинем, ки кӣ барои кӣ зиқ мешавад? Кӣ гуфт, ки ман дар хона нишаста туро интизор мешудаам? Ман ҳам ба кор мебароям, Худо хоҳад, аз он сӯ малика шуда бармегардаму ин қишлоқиҳои фисинро дар оташи рашку ғазабам месӯзонам…

Дили Гулбоғ ҳоло ҳам пури кина буд, ҳол он ки онҳое, ки ӯ душманашон мешумурд, ҳатто дар бораи вай фикр ҳам намекарданд.

Дар меҳмонхонаи барҳаво рӯйи рахти хоби қиматбаҳо Гулбоғ худро шоҳдухтар мепиндошт. Насим субҳ, баъди субҳонаи хушмазза ҳамсарашро гирифта ба тамошои шаҳр баромад. Онҳо то бегоҳ тамоми пойтахтро давр зада, дар тарабхонаҳои зебо хӯроки пешин ва шом хӯрданд. Гулбоғ ноз мекарду Насим ноз мебардошт. Як ҳафтаи дароз ӯ арӯсашро ба Қалъаи Ҳисору обанбори Норак ва Варзобу Ромит тамошо бурду рӯзи охирин ба чанд мағоза сар халонда, либосҳои гарми аврупоӣ гирифтанд. Гулбоғ ба кошонаи ҳусни замонавие рафта, худро аз дигар орою торо доду баъд бо Ватан хайрбодгӯён ба Маскав парвоз карданд.

Насим ба чеҳраи Гулбоғ нигариста, дар дил мегуфт, ки тамоми кӯшишу ғайратро мекунад, то оилааш аз чизе муҳтоҷӣ накашад. Аммо Гулбоғ фикрҳои дигар дошт…

(Давом дорад)

Нисо ХОЛИД

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД