goodwell
Туркия муҳоҷирони меҳнатии тоҷикро ба кор даъват мекунад
118

 

Туркия муҳоҷирони меҳнатии тоҷикро ба кор даъват кардааст. Музди меҳнат аз 900 то 1200 доллари амрикоӣ мебошад.

Номнавис кардани хоҳишмандон барои муҳоҷирати меҳнатӣ ба кишвари Туркия дар Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ аз 27 октябр оғоз ёфта, мусоҳиба бо корфармоён рӯзҳои 29-30-октябр сурат мегирад.

Ба Туркия шахсони синну солашон аз 18 то 45 сола ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта метавонанд. Донистани забонҳои англисӣ ё русӣ дар сатҳи муошират, доштани шиносномаи хориҷӣ ва интизоми хуби меҳнатию ҳисси баланди масъулиятшиносӣ дар кор ҳатмист. Шахсоне, ки доғи судӣ доранд, қабул карда намешаванд.

Муҳоҷирони меҳнатӣ дар Туркия ба сифати кафшергар, корманди барқ, мутахассиси техникӣ ва таъмиргар-механик кор мекунанд. Музди меҳнат вобаста ба вазифа аз 900 то 1200 доллар мебошад. Хоҳишмандон метавонанд барои сабти ном бо шиносномаи хориҷии худ ба Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа, ки дар суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Лоҳутӣ, 80 (наздикии “Пивзавод”) ҷойгир мебошад, муроҷиат намоянд. Шахсоне, ки дар дигар шаҳру ноҳияҳо зиндагӣ мекунанд, метавонанд ба намояндагиҳои Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар дар вилоятҳо муроҷиат кунанд.
Телефонҳо барои тамос: 221-39-67 ва 221-39-83

“WhatsApp”: +992 55 555 1080, +992 98 790 6666, +992 93 093 4994

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД