sebiston july new
ВАРИКОЗ: САБАБҲОИ ПАЙДОИШ ВА РОҲҲОИ ТАБОБАТ
10.07.2021
Оила
1953

Варикоз яке аз бемориҳои хеле паҳнгаштаи замони муосир ба шумор рафта, бештар занони синну солашон аз 30-35 болоро азият медиҳад. Пайдо шудани рагҳои барҷастаи кабудфом ва ба ожанг монанд дар пойҳо бонувонро на танҳо аз назари эстетикию зебоӣ нороҳат месозанд, балки бо сӯзишу дардаш занро осуда зистан намегузоранд.

Яке аз омилҳои пайдоиши варикоз ин уфуннат гирифтани девораҳои рагҳои хунгарди пой буда, дар натиҷа рагҳо васеъ мешаванд, варам мекунанд ва гиреҳ зада, ранги кабудфом мегиранд.

Сабабҳои беморӣ

Чаро баъзе занон 50-60-сола бошанд ҳам, пойҳояшон мисли духтаракон зебоянду дар бархи дигари бонувон аллакай дар 35-40- солагӣ варикоз пайдо мешавад? Барои ба ин савол ҷавоб гуфтан бояд сароғоз сабабҳои пайдоиши бемориро муайян намуд.

Варикоз чанд сабаби асосӣ дорад.

1. Бештар бонувоне ба варикоз гирифтор мешаванд, ки кам ҳаракат карда, рӯзи дароз дар пушти компютер мешинанд ё нишаста кор мекунанд.

2. Варикоз дар фурӯшандаҳои мағозаҳо ва дигар шахсоне, ки рӯзи дароз ба по рост истода, кор мекунанд, бештар ба назар мерасад. Бардоштани вазни зиёд ба пойҳо гаронӣ мекунад ва оқибат кас ба варикоз гирифтор мешавад.

3. Ин беморӣ метавонад ирсӣ бошад, агар модар ва модаркалонатон варикоз доштанд, аз эҳтимол дур нест, ки дер ё зуд шумо ҳам ба ин иллат дучор мегардед.

4. Сабаби чоруми пайдоиши варикоз ин фарбеҳӣ мебошад.  

5. Тағйиротҳои синну солӣ низ боиси пайдоиши ин беморӣ гашта метавонанд. Занҳои синнашон аз 50-сола боло бештар ба варикоз гирифтор мешаванд.

Варикоз ва ҳомиладорӣ

Бештари хонумҳо маҳз дар давраи ҳомиладориашон ба варикоз гирифтор мешаванд. Дар баъзе занони ҳомила варикоз на танҳо дар пойҳо, балки ҳатто дар дохили узвҳои кос низ ба назар мерасад. Сабабаш дар он аст, ки бачадон якбора калон шуда, ба узвҳои дигар, махсусан ба рагу пайванди инсон фишор меорад.

Нишонаҳои беморӣ

1. Нишонаи аввалине, ки аз саршавии варикоз дарак медиҳад, ниҳоят хаста шудан дар поёни рӯзи корӣ ва бегоҳирӯзи пайдо шудани варам дар пойҳост. Маъмулан баъди истироҳати шабона варам гум мешавад ва саҳаргоҳон ягон ному нишоне аз он боқӣ намемонад, аммо ин аллакай як навъ бонги хатар задани ҷисми шумост.

2. Дар пойҳо хатҳои хеле нозуки ситорачашакл пайдо мешаванд ва баъзан ба назаратон чунни мерасад, ки поятон раг кашидааст.

3. Рагҳо варам карда, барҷаста мешаванд ва ба назар чунин мерасад, ки гиреҳ задаанд. Ин аллакай варикозе мебошад, ки ниёз ба табобати ҷиддӣ дорад.

4. Рагҳои варамидаву барҷастаи шумо варам карда, ранги кабудро мегиранд ва ҳолати вайроншавии пӯст-атрофия ба вуҷуд меояд.

5. Дар баъзе ҳолатҳо дар ҷойҳои варикоздошта захму яраҳо пайдо мешаванд.

Флеболог кист?

Бисёриҳо вақти бо мушкилоти варикоз рӯ ба рӯ гаштан ба кадом духтур муроҷиат карданашонро намедонанд. Бархе ба назди терапевт мераванд, гурӯҳи дигари занон ба табибони занона муроҷиат менамоянд, вале беҳтар аст, ки шумо аз флеболог мадад бипурсед. Варикоз бемориест, ки бо он асосан табибони флеболог сару кор доранд ва ҳамчун мутахассисони асосии ин соҳа роҳҳои аз ҳама муфиди табобати ин бемориро пайдо карда метавонанд.

Оризаҳои варикоз

Аксари занҳо варикозро ҳатто беморӣ ҳисоб намекунанд, вале сари вақт табобат накардани он метавонад оризаҳои дигарро аз қабили тромбофлебут, варами доимии пойҳо, пайдоиши захм, экзема ва дерматит ба вуҷуд биёрад. Дар баъзе ҳолатҳои вазнин ҳатто аз ҷойҳои варикоздоштаи пой хун сар зада, хунравӣ ба миён меояд.

Занҳое, ки узвҳои косашон варикоз доранд, ҳангоми муносибатҳои маҳрамона дарди шадидро эҳсос намуда, бо мушкилоти зиёди узвҳои занона рӯ ба рӯ гашта метавонанд.

Усулҳои табобат

Роҳҳи табобати варикоз гуногунанд, вале бештар аз се усул истифода мебаранд.

1. Табобат бо малҳамҳо ва доруҳои махсуси кимиёвӣ

2. Табобат бо ёрии машқҳои махсус

3. Табобати варикоз бо усули ҷарроҳӣ

Занҳое, ки варикоз доранд, бояд ҳатман ба духтур муроҷиат намоянд. Табиб баъди гузаронидани тахшисҳои махсусе, ки дараҷаи бемориро муайян менамоянд, мувофиқи вазъи ҳолататон ба шумо доруворӣ ва малҳамҳои махсусеро тавсия медиҳад, ки девораи рагҳои хунгардро пурқувват месозанд ва хунро тунук карда, гардиши онро ба низом медароранд. Маъмулан баъди истифодаи ин бемориҳо дард кам ва оҳита-оҳиста нест мешавад. Барои он ки табобат самараи хуб диҳад, ҷойҳои варикоз доштаи поятонро ҳатман бо бинти эластикӣ бандед ё ҷӯробҳои махсуси эластикӣ пӯшед.

Фаромӯш накунед, машқҳои маъхсусе вуҷуд доранд, ки шумо онҳоро бояд мунтазам иҷро намоед. Барои он ки пойҳоятон каме ҳам бошад, истироҳат намоянд, бегоҳ пойҳоятонро баланд бардошта, ба девор такя диҳед, то ки вазнинӣ раъф гардад.

Доруворӣ, малҳам ва машқҳои махсус танҳо дар он ҳолат ба шумо ёрӣ мерасонанд, ки беморӣ нав оғоз ёфта бошад. Дар сурати кор аз кор гузаштан роҳи ягонаи халосӣ аз варикоз ин ҷарроҳӣ аст. Табиб вобаста ба вазъи саломатӣ ва имкониятҳои шумо намуди ҷарроҳиро муайян хоҳад кард.

Табобати варикоз бо усулҳои халқӣ

Варикоз нав оғоз ёфта бошад, шумо метавонад аз ин усулҳои санҷидашудаи халқӣ истифода баред:

1. Сир-чеснокро майда кӯбед ва бо равғани маска омехта намуда, шабона ба поятон бандед.

2. Алафи газандаро ҷӯшонда, оби онро бинӯшед.

Пешгирии варикоз

Фаромӯш накунед, ки пешгирии ҳама гуна беморӣ, аз ҷумла варикоз низ аз табобати он осонтару арзонтар аст. Барои ба варикоз гирифтор нашудан:

1. Ба вазни худ диққат дода, кӯшиш кунед, ки фарбеҳ нашавед.

2. Пойафзоли бисёр баланд ва ҷӯроб-колготкиҳои танг напӯшед.

3. Тарзи ҳаёти солимро ба одати рӯзмарраи худ табдил диҳед.

4. Пойҳоятонро шабона ҳатман маҳс кунед.

5. Ҳар бегоҳ пойҳоятонро бо навбат аввал бо оби гарм ва баъд бо оби хунук шуста, ин амалро 5-10 дақиқа идома диҳед.

6. Дар зери офтоби сӯзон бисёр наистед, махсусан дар ҳолати нимаурён будани шумо пойҳоятон аз нури хуршед зиёд зарар мебинанд.

7. Тез-тез ба сауна ва ҳаммоми гарм надароед.

8. Бо пайдо шудани нишонаҳои аввалини варикоз ҳатман ба духтур муроҷиат намоед ва ба таври фаврӣ аз паси табобати худ шавед. Саломат бошед!

Поделиться новостью
Шарҳ
(2)
Барот 2023-06-07, 13:41
Барои табобати варикоз
Посух
Барот 2023-07-05, 13:45
Барои табобати варикоз
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(2)
Барот 2023-06-07, 13:41
Барои табобати варикоз
Посух
Барот 2023-07-05, 13:45
Барои табобати варикоз
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД