formula55
ВАРЗИШГАРЕ БО ИМКОНИЯТИ МАҲДУД…
08.07.2023
ОИЛА
847

Аксари нафарони имконияти маҳдуддошта ба тақдир тан дода кунҷи хонаро ихтиёр мекунанд. Дар ниҳоди бисёри онҳо истеъдоди нодире нуҳуфтааст, вале на ҳама инро дарк месозанд. Қаҳрамони мо ин қоидаро дар деҳа шикасту ба пирӯзӣ ноил гардид.

Шабнам Мекамбоева 16 сол дораду дар синфи 9-уми МТМУ № 9-и деҳаи Заргари ноҳияи Кӯшониён мехонад. Ӯ нуқсони модарзодӣ дорад, даст ва пойи чапаш ба иллати беморӣ ғайрифаъоланд. Шабнам ба ин нигоҳ накарда, дар риштаи бадминтон шуғл меварзад. Рӯзҳои аввал модараш ба ин шуғли ҷигарбандаш розӣ набуд. Вале саъю талош ва ҳисси боварии духтарак волидонро розӣ кунонд, ки ӯ метавонад.

- Дар хона бекор нишаста наметавонад, пайваста ба ман ёрӣ мерасонад. Кам – кам ҳунари чеварӣ низ дорад. Дидем, ки завқи ӯ бештар ба варзиши бадминтон аст. Муаллими тарбияи ҷисмонӣ маслиҳат дод, ки сари роҳи ӯро нагирем, баръакс ёрӣ расонем. Воқеан, эҳсос намудем, ки духтар саршори неруст ва ҳама монеаҳоро бо иродаи матин рафъ месозад. Дар хона нишаста аз сарнавишти худ шикоят кардан хоси Шабнам нест, - мегӯяд Наргис - модари Шабнам.

Ба шарофати дастгирии муаллими тарбияи ҷисмонии мактаб Абдукарим Абдураҳимов, Шабнам шомили клуби варзишии маҳаллӣ гардиду дар риштаи бадминтон ба машқ пардохт.

Пас аз ҳафтае тамрин дар толори варзишӣ вазъи саломатии Шабнам аз пештара дида хубтар шудан гирифт. Зодмандони Шабнам дар саҳро заҳмат мекашанду 6 фарзандро бо нони деҳқонӣ рӯзӣ медиҳанд ва саъй менамоянд, ки эҳтиёҷи онҳоро бароварда созанд. Онҳо ҳис карданд, ки ин тамрин ба нафъи саломатии духтарашон асту барои ҳамарӯза рафтанаш ба толори варзишӣ мусоидат намуданд. Шабнам ҳар рӯз пас аз дарс ба толори варзиш меравад. Дар ин толор ҳашт нафар маъюб таҳти роҳбарии мураббӣ Фарҳод Ёфтаков дар намуди бадминтон машқ мекунад. Шабнам аввалин духтаре буд, ки ба ин гурӯҳ пайваст.

- Толори варзишӣ ба хонаамон наздик аст. Дар аввал машғул шудан ба варзиш бароям душвор буд. Зеро, пеш аз он ки ба бозии бадминтон шуруъ намоед, бояд аз уҳдаи ҳаракатҳои моҳирона бароед. Аммо, бо мурури замон, ман ба пойи худ эътимоди бештар пайдо кардам ва пайваста мекӯшидам, ки бо дигар бозигарон баробар шуда тавонам, - мегӯяд Шабнам.

Дастовард

Соли 2020 дар Левакант мусобиқаи ҷумҳуриявии бадминтон барои варзишгарони имконияташон маҳдуд доир шуд. Шабнам дар сабқати инфиродӣ бо шаш рақиб рақобат карда, аввалин медали худро ба даст овард.

Моҳи декабри соли 2021 Шабнам ба Бозиҳои паралимпии Осиё-2021, ки дар Шоҳигарии Баҳрайн баргузор гардид, даъват шуд. Ин мусобиқа миёни наврасону ҷавонони то 20-сола буд, ки варзишгарони 45 кишвари ҷаҳонро ба ҳам овард. Дар давоми ҳафта Шабнам бо беш аз 40 варзишгари имконияти маҳдуддошта дар рақобат шуд. Аз сабаби набудани духтарон дар ин категория вай тамоми мусобиқаҳоро бо писарон гузаронд. Ҳарчанд бахшҳои инфиродӣ мушкилтар гузаштааст, ӯ тавонист, ки се карат медали биринҷии Бозиҳои паралимпии Осиё-2021- ро ба даст орад. Вай ягона намояндаи Тоҷикистон буд, ки бо медал ба Ватан баргашт.

- Тамоми неруи хешро масраф намудам, то ақаллан як медали тилло ба даст орам. Азбаски дар чунин мусобиқаҳои сатҳи баланд бори аввал иштирок доштаму таҷрибаам кам буд, ҷойи аввалро гирифта натавонистам, - изҳор дошт Шабнам.

Шодии модар

- Вақте ки духтарам бо медал ба хона баргашт, аз хурсандӣ аввалин коре, ки кардам, медалро ба муаллими тарбияи ҷисмониаш нишон дода, изҳори сипос намудам. Ва ба тамоми ҳамсояҳо медали духтарамро нишон дода ашки шодӣ мерехтам. Ростӣ, ман ҳеҷ гоҳ фикр намекардам, ки ба шарофати ғолибияти духтарам дар арсаи байналмилалӣ Парчами давлатии Тоҷикистон парафшон мешавад, - бо эҳсос иброз медорад модар.

Ҳадафмандона ҳар рӯз сӯи толори варзишӣ мешитобаду мекӯшад аз сидқ тамрин кунад ва дар оянда бо дастовардҳои нав ба нав Парчами Ватанро боло барад. Шабнам орзу мепарварад, ки соҳиби толори варзишии худ шавад ва кӯдакону наврасони имконияташон маҳдудро ба таълими бадминтон дилгарм намояд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД