arzon replenishment
Владимир Путин: Мо бояд бо муҳоҷирон инсонвор муносибат кунем!
918

Президенти Русия назарашро дар боби муҳоҷирати меҳнатӣ баён кард
Мо бояд бо муҳоҷирони меҳнатӣ инсонвор муносибат намоем, то ки онҳо ба муҳити нав одат намуда, ҷузъе аз ҷомеъа будани худро эҳсос намоянд,”-гуфтааст президенти Россия Владимир Путин.

Президенти Федератсияи Россия Владимир Владимирович Путин фикру андешаҳояшро дар боби муҳоҷирати меҳнатӣ зимни як суҳбат бо журналисти машҳури рус Дмитрий Киселев барои шабакаи телевизионии "Россия 1" ва агентии РИА Новости баён намудааст. Вақтҳои охир дар расонаҳои русӣ баҳсу мунозираҳо дар боби торафт зиёд шудани шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ дар қаламрави Россия хеле зиёданд, вале президенти Россия дар ин суҳбат дар такя ба омор гуфтааст, ки дар асл шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ чандон зиёд нест.

“Муҳоҷирони меҳнатӣ танҳо 3, 7%-и шумораи умумии кормандонро дар Россия ташкил менамоянд. Нисбат ба кишварҳои дигар ин чандон зиёд нест, вале шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ дар минтақаҳои аз лиҳози иқтисодӣ рушд намуда бештар аст, зеро шароит хубтар ва ёфтани кор осонтар мебошад,”-гуфтааст Владимир Путин.

Дар идомаи суханаш президент қайд кардааст, ки муҳоҷирони меҳнатӣ бештар дар шаҳри Москва, вилояти Москва ва минтақаи ғарбии Россия ва қисмати шимолии кишвар кор мекунанд, чунки дар ин ҷойҳо музди меҳнат нисбатан баландтар аст.

Сарвари давлати рус таъкид намудааст, ки норасоии нерӯи корӣ дар Федератсияи Россия мушкиле нест, ки дар як солу ду сол ҳалли худро ёбад, аз ин рӯ муҳоҷирони меҳнатӣ ба кишвар заруранд, вале онҳоро қаблан омода кардан лозим аст.

“Муҳоҷирон пеш аз омадан ба Россия бояд аз нигоҳи касбӣ омода карда шуда, сатҳи тахассусашон баланд бардошта шавад. Ин омодагӣ ҳам барои Россия ва ҳам барои худи муҳоҷирони меҳнатӣ хуб аст, зеро самаранокии кори муҳоҷирон бештар гашта, онҳо имконияти ба даст овардани даромади беҳтарро ба даст меоранд. Мо бояд бо кишварҳои шираки худ, ки шаҳрвандонашонро ба Россия ба муҳоҷирати меҳнатӣ равон мекунанд, дар ин самт бештар кор карда, муҳоҷиронро пешакӣ омода созем ”-таъкид кардааст Путин.

Президенти Россия дар масъалаи муносибат бо муҳоҷирони меҳнатӣ низ андешаҳояшро баён намуда гуфтааст:

Мо бояд ба муҳоҷирон инсонвор муносибат намоем, то ба муҳити нав одат намуда, ҷузъе аз ҷомеъа будани худро эҳсос намоянд. Дар ин ҷо (Россия) нисбати онҳо ғамхорӣ намудан лозим аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД