sebiston july new
ВМКБ мизбони ҳунармандони хориҷӣ мешавад
593

22-23 август дар Боғи марказии шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Фестивали 16-уми байналмилалии фарҳангӣ ва сайёҳии «Боми ҷаҳон» баргузор мегардад.

Дар фестивал зиёда аз 35 нафар ҳунармандони боистеъдод аз Тоҷикистон ва хориҷи мамлакат иштирок  мекунанд.

Интизор меравад, ки давоми ду рӯз  беш аз 4000 нафар тамошобинон фестивалро тамошо намоянд.

Масъулини фестивал баён доштанд, ки ҳадаф аз ин намоиши зебои фарҳангии Тоҷикистон, Осиёи Марказӣ ва ҷаҳон тарғиби ҳамдигарфаҳмӣ, гуногунандешӣ ва таҳаммулпазирӣ тавассути баёни шаклҳои гуногуни санъат ва мероси фарҳангӣ мебошад. Он ҳамчунин ба тарғиби арзишҳои инсонию ҳамзистии осоишта дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва рушди сайёҳӣ мусоидат менамояд.

Фестивал  ба  ҳифзи муҳити зист, гуногунии биологӣ ва  баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум бо мақсади коҳиш додани таъсири гармшавии глобалӣ мусоидат мекунад. Дар доираи фестивал инчунин намоишгоҳҳои ҳунарӣ ва хӯрокҳои миллӣ пешкаши иштирокдорон мегарданд.

Дар доираи фестивал аз ҷониби  мусиқидонони касбӣ барои донишҷӯён, ҳунармандон, дӯстдорони мусиқии маҳаллӣ ва хориҷӣ дарсҳои маҳорат (мастер-класс) гузаронида мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки Фестивали 15-уми байналмилалии фарҳангӣ ва сайёҳии «Боми ҷаҳон» аз 19 то 21 августи соли 2022 дар Боғи марказии шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон доир гардида буд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД