formula
Вопасин дидор Қисми 3
1283
no-img

 Зоир бисёр зорӣ кард, ки оштӣ шуда, дубора никоҳ кунанд, вале Гулнора розӣ нашуд. Собиқ шавҳараш таввало кард: “Ақаллан иҷозат деҳ, ки бо писарам вохӯрам ва ба вай кам-кам кӯмак кунам...”

Гулнора каме фикр карду дар назди Зоир шарт гузошта гуфт:

-Майлаш, вале ба писарат қоил шав, ки то имрӯз бо Нисо муносибати ошиқона доштӣ!

Зоир чораи дигар наёфта дар бораи ишқу ошиқиашон бо Нисо қисса кард, вале тут ба табъи дили Гулнора напухт. Вай гумон дошт, ки баъди шунидаин ин гап писараш аз баҳри он зани бевафою хиёнаткор мебарояд, вале Диловар ин ҳақиқати талхро шунида девона шуду бо модараш ҷанг шуд ва гапҳои пасту баланди зиёде зада баромада рафт.

Зоир бахшиш пурсида аз паси писараш давид....

ххххххх

Замира ба хушдоманаш об доду ӯро ба огӯш кашида гуфт, ки очавон, зиқ нашавед, ҳамааш хуб мешавад, вале Диловар баъди ин ҳодиса бо модараш ногап шуд. Вай умуман ба суйи модараш нигоҳ намекард. Зоир тез тез ба хабаргирии онҳо омада, писарашро насиҳат мекард, аммо Диловар ба гапи падараш ҳам гӯш намедод. Гулнора дарун ба дарун худашро мехӯрд...

ххххххх

Ишқ чашми Диловарро кӯр карда буд.Ба ба ҷойи он ки номи он зани хоинро аз китоби зиндагиаш хат занад, вай боз роҳи бо Нисо оштӣ шуданро ҷӯста, бо туҳфаҳои зиёд дубора дилашро ёфту зиндагиро бо он каждум идома дод.

Гулнора аз ин хабар ёфта, боз бо писараш сахт рафт. Диловарба сари модараш дод зада мегуфт, ки бе Нисо зиндагӣ барояш маьнӣ надорад.

Гулнора ба гирдоби ғам афтида, чи кор краданашро намедонист. Ниҳоят дарду дами бисёр ба вай таъсир карда, саломатиашро пурра аз даст дод. Имрӯз аҳволаш тамоман бад шуда нафасаш гирифт ва аз ҳуш рафт. Замира зуд ба мошини ёрии таьчилӣ занг зад. Табибон фишори хунаш аз 200 баланд шудааст гуфта, кампирро ба беморхона бурданд....

хххххххх

 

Акнун Диловар дар роҳрави беморхона зор- зор гириста, лаҳзаҳои хуштарини зиндагиашро бо модар ба ёд меоврад ва аз пушаймонӣ дод гуфтан мехост. Ба ёдаш расид, ки ҳамон шаби бо модараш ҷанг карданаш вай оҳи сарде кашида гуфта буд: “Писарам, ту як рӯз не, як рӯз ба қадри келине, ки ман ёфтам, мерасӣ, вале шояд он вақт ман дигар дар ҳаёт набошам. Фақат дониста мон, ман мурам ҳам, Замира туро намкепартояд, чунки як зани биҳиштӣ ва худотарс аст. Ҷавониатро беҳуда бо ҳамон нисои тардоман гузаронида, дар пирӣ ту ҳам мисли падарат ба хоки пойи зану фарзанди худат зор мешавӣ...”

Акнун диловари аз карда пушаймон “Оҳ модар, мани беақлро бубахш” гӯён, оби дида мерехт, вале пушаймониро суде набуд....

хххххх

То нисфишаби модар ба ҳуш наомад. Диловар аз корҳои кардааш пушаймон ҳамоно дар паси дар оби дида мерехт. Умедвор буд, ки модараш сихат мешавад, вале соатҳои сеи шаб Гулнора бо дили пурҳасрат аз олам чашм пӯшид. Вай дигар на дасткашид ва на по, ҳатто як бор ҳам ба ҳуш наомад, ки Диловар аз модараш бахшиш пурсад.

Диловар дод мегуфту сарашро ба дару девори беморхона мезад, вале бефоида. Модарро дигар ёфта наметавонист. Охирин чизе, ки ба ин ҷавони беандеша муяссар гашт, ин дидани рӯйи сарди модараш буд. Бақкадри модарон расед, дӯстон!

Шаҳлои Наҷмиддин

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД