Commerce bank may-june 2026
Як мардро барои куштори зани дуюм ва ба худкушӣ расонидани зани якумаш 18 сол зиндон карданд
146

Суди вилояти Хатлон як мардро барои куштори зани дуюм ва ба худкушӣ расонидани зани якумаш ба муҳлати 18 сол равонаи зиндон намудааст.

Маҳкумшуда Наврӯзи Зафар 29 сол дошта, зодаи ноҳияи Муъминобод мебошад. Ин мард моҳи январи соли равон бо гумони куштори зани дуюмаш аз рӯйи рашк боздошт шуда буд, баъдтар ӯро дар ба худкушӣ расонидани ҳамсари якумаш низ муттаҳам карданд.

Гуфта мешавад, ки Наврӯзи Зафар бо ҳамсари якумаш Бахтинисо Азимоваи 25-сола ҳамеша аз рӯйи рашк ҷангу ҷанҷол карда, нисбати занаш таҳқир ва зӯровариро раво медидааст. Ҷавонзан ба озори ҷисмонию равонии шавҳараш тоб наоварда, шаби 24-уми июни соли 2021 даст ба худкушӣ задааст.

Моҳи декабри ҳамон сол Наврӯзи Зафар бо Ҷавҳарбӣ Давлатшо издивоҷ намуда, соҳиби ду фарзанд гаштаанд, вале бо ин занаш низ вай мудом ҷангу ҷанҷол мекардааст ва билохира рафтори мард боиси ҷудоии оила гаштааст.

Субҳи 16-уми декабри соли 2025, тахминан соатҳои 07:30, Наврӯзи Зафар ба хонаи падари ҳамсараш Ҷавҳарбӣ Давлатшои 27-сола рафта, дар ҷараёни муноқишаи оилавӣ собиқ ҳамсарашро бо 22 зарби корд ба ҳалокат расонидааст.

Суди вилояти Хатлон Наврӯзи Зафарро барои ба худкушӣ расонидани ҳамсари аввал ва куштори зани дуюмаш ба муҳлати 18 сол равонаи зиндон намудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД