shoh palace
Юлдуз Усмонова: Шабнами Сурайё шогирди дасти рости ман аст!
3673

 Примадоннаи санъати эстрадаи ӯзбек Юлдуз Усмонова дар сӯҳбат бо рӯзноманигорон сабаби маҳз бо Шабнами Сурайё бадеҳа сароиданашро гуфт.

Овозхон дар сӯҳбат бо хабаргузории “Sputnik Узбекистан” гуфтааст, ки Шабнами Сурайё шогирдаш аст ва ба ҳамин хотир бо ӯ бадеҳа сароид.

“То ҳол бадеҳаи русиро ба нақша нагирифтаам. Бо овозхони тоҷик Шабнами Сурайё ба он хотир сурудам, ки ӯ шогирди ман аст. Шабнам бисёр духтари хуб аст. Боре ӯ меҳмони ман шуд ва пас аз гуфтугӯ қарор додем, ки бадеҳа сароем. Бале, бадеҳаҳои туркӣ низ дорам, вале онҳо танҳо барои васеъ кардани доираи мухлисонам буданд”.


Аз даҳону бинияш хун фаввора зад ва худи ҳамон рӯз Таня маро ба дасти милиса супурд. Ҷанҷоламон бо ҷудоӣ анҷом ёфт. Суд ҳалнома баровард, ки ман бояд ҳар моҳ ба фарзандам 20 000 рубл алимент супорам.

 


Ҳамчунин, овозхон афзудааст, ки миёни санъаткорони рус дӯстони зиёд дорад, вале ҳамаи онҳоро ба худ наздик ҳисобида наметавонад, зеро муносибати онҳо ба эҷод аз мо фарқкунанда аст.

Чуноне қаблан иттилоъ дода будем, овозхон санаи 13-уми ноябр дар шаҳри Маскав барномаи бузурги консертӣ дорад. Ӯ ният дорад, ки пас аз Маскав силсилаконсертҳои худро дар Осиёи Марказӣ ва Амрико баргузор намояд.

Ёдрас мешавем, ки моҳи майи имсол Шабнам ва Юлдуз таронаи дузабонаи “Таролла Далли”-ро сароиданд, ки онро то кунун дар шабакаи YouTube наздики 4,5 миллион нафар тамошо кардаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД