[
Салом. Ман 3 сол боз ба бемории захми меъда гирифтор ҳастам ва махсусан дар фаслҳои тирамоҳ ва баҳор ҳолам бад мешавад. Мегӯянд, ки агар бепарвоӣ карда, захми меъдаро сари вақт табобат накунӣ, оқибат ба касалии саратони меъда гирифтор мешавӣ. Оё ин гапҳо ростанд? Илтимос, дар бораи сабабҳои пайдоиш ва роҳҳои табобати захми меъда каме маълумот диҳед.
Юсуф, сокини ш. Ҳисор
Посух
Тавре ки табибони гастроэнтеролог мегӯянд, омилҳои пайдоиши захми меъда хеле зиёданд. Ин беморӣ натанҳо ба хурду хӯрок, балки ба хислат ва одатҳои инсон низ вобастагӣ дорад. Имрӯз мо каме дар бораи сабабҳои пайдоиш, роҳҳои пешгирӣ ва усулҳои нави ташхису табобати ин беморӣ ба шумо-хонандагони азизи “Оила” маълумот медиҳем.
Хӯрокҳои сахт ва бирёнӣ
Сабаби аввали ба захми меъда гирифтор гаштани инсон истеъмоли хӯрокҳои сахт, бирёнӣ ва дерҳазм мебошад. Махсусан ҷавонон бештар бо сабаби даст кашидан аз хӯрокҳои сабук ва бештар рӯ ба фасфуд ва хӯрокҳои сахту бирёнӣ овардан ба захми меъда гирифтор мешаванд. Одатҳои бад низ метавонанд боиси пайдоиши захми меъда гарданд.
Истеъмоли ҳар гуна дорӯҳо касро
ба захми меъда гирифтор месозад
Одамони синну солашон болотар, махсусан пиронсолон бештар бо сабаби истеъмоли дурударози дорувориҳои зиддиилтиҳобӣ, ки ба ҳуҷайраҳои меъда осеб мерасонанд, гирифтори захми меъда гашта метавонанд. Гунаҳкори асосии пайдоиши бемории мазкур бактерияи маъмултарин - хеликобактер пилори мебошанд, ки душмани меъда ҳастанд. Хеликобактер дар меъдаи 70-80% одамон вуҷуд дошта бошад ҳам, на ҳама бемор мешаванд. Бактерия зери таъсироти дигари манфӣ аз қабили пастшавии масуният, изтироби шадид ва ғизои зарарнок фаъол мегардад.
Стресс ва ғаму андӯҳ касро ба
захмӣ меъда гирифтор месозад?
Пайдоиши захми меъда ба ҳолати рӯҳию равонӣ ва хислати инсон низ алоқамандии зич дорад. Табибони гастроэнтеролог як ибораи маъмул доранд: «Сабаби пайдоиши захми меъда дар хӯроки мехӯрдаи шумо не, балки дар ғаму андуҳи шумост».
Дар ҳақиқат шахсоне, ки захми меъда доранд, бо бадҷаҳлӣ, зудранҷӣ, хавотирӣ, асабоният аз дигарон фарқ мекунанд. Аз ҳад зиёд инҷиқ будан боиси бештар ҷудошавии кислотаи гидрокимиёвӣ гашта, пардаи луобии меъдаро вайрон месозад. Дар натиҷа захми меъда пайдо шуда, бо мурури замон оқибатҳои ногувор ба бор меорад. Дар чунни ҳолатҳо табобати беморӣ бидуни рафъ намудани мушкилоти равонии мариз имконнопазир аст.
Чаро мардҳо нисбат ба занон бештар
ба захми меъда гирифтор мешаванд?
Захми меъда дар мардон нисбат ба занон бештар дида мешавад. Сабаб дар он нест, ки занҳо ба хӯроки мехӯрдаи худ диққати хоса медиҳанд. Гап сари он аст, ки муҳофизи асосии меъдаи зан ҳормони эстроген мебошад, ки гардиши хунро дар бофтаҳо ва пардаҳои луобии меъда беҳтар месозад. Аммо бо фарорасии давраи менопауза, вақте ки сатҳи ҳормони эстроген дар ҷисми зан кам мешавад, эҳтимолияти пайдо шудани захми меъда дар зану мард баробар мегардад.
Нишонаҳои беморӣ
Аксарият гумон мекунанд, ки захми меъда бо дарди ҷонкоҳи меъда зуҳур менамояд, вале дар асл чунин нест. Махсусан дар одамони синну солашон калон захми меъда аксаран бе ягон аломат зуҳур намуда, танҳо гоҳ-гоҳ бо дарди кунд аз худ дарак медиҳад. Аз ҳамин сабаб бештари одамон аз бемории худ бехабаранд ва ҳатто дарак меёбанд, ки девораҳои меъдаашон кафида, фавран ба ҷарроҳӣ ниёз доранд.
Захми меъда табобат дорад?
Захми меъда бемории табобатшаванда аст. Табибон барои табобати захми меъда чанд намуди антибиотик ва дигар дорувориҳоро тавсия медиҳанд. Маъмулан шахсоне, ки фармудаи духтурро иҷро карда, ба парҳез риоя мекунанд ва табобатро то охир мерасонанд, тӯли1,5-2 моҳ шифо меёбанд, аммо дар баъзе ҳолатҳо роҳи ягонаи халосӣ аз захми меъда гузаронидани амалиёти ҷарроҳӣ мебошад.
Як маротиба табобат кардани захми меъда маънои онро надорад, ки ин беморӣ дигар як умр шуморо азият намедиҳад. Табибон бар он назаранд, ки то замоне сарчашма ва омилҳои дигари барангезанда беморӣ вуҷуд доранд, хатари дубора хуруҷ кардани захми меъда боқӣ мемонад.
Захми меъдаро табобат накунӣ
ба саратон гирифтор мешавӣ?
Эҳтимоли табдил ёфтани захми меъда ба саратони меъда вуҷуд дорад, вале он чандон бузург нест. Тибқи маълумоти манбаъҳои гуногуни тиббӣ, тақрибан дар 2% то 10%-и ҳолатҳо захми меъда метавонанд бо гузашти вақт ба омоси бадсифати саратонӣ табдил ёбанд.
Аслан захми меъда худ аз худ ба саратон табдил намеёбад, дар баъзе ҳолатҳо он ҳамчун захми оддӣ ба назар мерасид, вале дар асл шакли аввалияи саратони меъда (навъи захмӣ) буда метавонад, ки аз ҳамон аввал дуруст ташхис нашудааст. Захми музмине, ки дер шифо меёбад ё зуд-зуд такрор мешавад, инчунин захмҳои калонҳаҷми андозаашон беш аз 2,5–3 см хатари бештари гирифторшавӣ ба саратонро ба вуҷуд меоранд, аммо бояд гуфт, ки дар давраи аввали пайдоишаш саратони меъда табобатшаванда аст.
Барои пешгирии беморӣ чи бояд кард?
Барои аз захми меъда раҳоӣ ёфтан, пеш аз ҳама аз хеликобактерҳо халосӣ ёфта, минбаъд ба реҷаи хурду хӯроки худ диққати ҷиддӣ додан лозим аст. Шахсоне, ки бемории захми меъдаро аз сар гузаронидаанд, бояд кӯшши кунанд, ки асабонӣ нашаванд ва худро аз стресс дур нигаҳ доранд.
Ҳангоми хӯрокхӯрӣ андозаро нигоҳ доштану эҳтиёткор будан шарт ва зарур аст, чунки ҳатто дар сурати пурра махкам шудани захми меъда он мунтазам аз худ дарак медиҳад, зеро яра девораи меъдаро нозук месозад ва ҳангоми ҳазми хӯрок бемор худро ноҳинҷор эҳсос мекунад. Шахсоне, ки замоне бемории захми меъда доштанд, дар як сол як маротиба бояд ҳатман аз муоинаи гастроэнтеролог гузашта, ташхиси гастроскопия кунанд.