formula
Занам барқасд кӯдаконамро мезанад...
27.01.2024
ОИЛА
1284


Ману ҳамсарам соҳиби 3 фарзанд ҳастем, вале тавре ки мегӯянд, ситораҳоямон дар зиндагӣ ҳеҷ бо ҳам рост наомаданд. Занам худаш барои ҷудо шудан ба суд ариза пешниҳод кард.

Суд барои оштӣ шудан ба мо 6 моҳ мӯҳлат дод, вале дар ин давра ба созиш омада натавонистем ва ҳамин тавр, ақди никоҳамонро бекор намуданд. Ҳамсару фарзандонамро дар хонаи мо маскун карданд. Ман зидди маскун шудани ҳамсару фарзандонам нестам, вале занам барқасд бачаҳоямро дар пеши чашми ман мезанад ва озор медиҳад, то ки маро асабонӣ кунад.

Чанд маротиба ба хубӣ фаҳмондам, ки ҳушатро ба сарат гир, агар маскунат бекор шавад, дар ба дару сарсон мешавӣ, вале заррае парво надорад. Мехоҳам дубора бо занам оштӣ шавам, то ки фарзандонамро дигар озор надиҳад. Илтимос ба ман маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам?
Хонандаи “Оила”.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД