Formula september
Занам бо марди бегона рақсиду...
4540

Оилаи ману завҷаам дар арафаи ҷудошавӣ қарор дорад. Сабаби моҷаро дар он аст, ки занам аз ман барои иштирок кардан дар тӯйи арӯсии духтари апааш иҷозати рафтан пурсид.

Ман иҷозати рафтан додам, ба шарте, ки занам фақат ба он хона ба тӯй равад, на ба ягон ҷои дигар. Боз ин ки рафта, дар қисми занҳо бошад, на дар байни мардҳо. Худам рӯзи дигар ба тӯй рафтам. Вақте ки ба тӯйхона расидам, як қисм мардум ба рақсу сурудхонӣ машғул буданд. Баногаҳ зани худро дидам, ки бо марди бегонае рақс дорад.

Бо дидани ин манзара хун ба сарам зада, байни мардуми рақскунанда даромада, аз мӯи сари занам кашида, “шарманда” гуфтаму ба рӯяш як шаппотии обдор задам. Занам гирякунон ба сӯи наздиконаш давид. Наздиконаш маро дашномкунон лату кӯб карданд. Хулоса, ҳоло занам дар хонаи падару модараш асту маро ҷоҳилу беандеша ва бераҳм гӯён, гунаҳкор мекунад. Мегӯяд, ки “маро дар байни мардум шарманда кардӣ. Ман гуноҳе накардаам, фақат дар хонаи апаам дар хурсандии ӯ иштирок кардам ва каме рақсидам. Ту бадгумону бадрашк ва золим будаӣ. Бо ту дигар намехоҳам зиндагӣ кунам!»
Ман то ин дараҷа аблаҳу бешарм будани занамро нав фаҳмидам. Ба ман ин хел зане, ки номуси худро нигоҳ надорад ва обрӯи шавҳарро бирезад, лозим нест! Айни замон наздикон кӯшиш доранд моро ба мусолиҳа оранд. Хонандагони гиромӣ, шумо оиди ин воқеа чӣ мегӯед? Инҷо айби ман аст ё айби занам?
М.

Поделиться новостью
Шарҳ
(3)
Дилошуб 2023-10-21, 16:30
Ту хару занат мочахар де. Хардута ягон огил ба дароварда чав хурондану баьд адир бурда ба ягон дахмарда савготи гуен тухфа кардан даркор. Дар тую тамошову маьрака чои хар нест!
Посух
Мухлис 2023-10-22, 21:33
Ту марди хакики будаи амо наздикони занат мард набуда балки даюс будаанд.кори хуб карди номуси марди доштаи.хеч марди хакики намегузорад занаш бо марди бегона ракс кунад магар даюсон.занатро тарбият бикун вале танхояш нагузор ва бовараш накун.зеро аз хаё дур будааст.то хади имкон якдигарфахми кунед
Посух
Тахмина 2023-10-23, 09:54
Айби занатон ! Зани шавхардор набояд аз гапи шавхараш барояд ! Агар ин маротиба гунохашро бахшед дар оянда дар саратон чормагз мешиканад аз ин бад мекунад бовар кунед аз тачрибаи зиндагии чанд одами наздикам дидам
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД