arzon replenishment
Занатро ба Русия набарӣ, кӯдаконатро дигар намебинӣ!
1101

 Ассалому алайкум, хонандаҳои розшунави Оила. ТЧ! Ман як марди муҳоҷир ҳастам ва мехоҳам дар ҳалли мушкили оилавии ба сарам омада аз шумо маслиҳат бипурсам. Ба қарз афтода, барои коркунӣ ба мулки рус омадам.

Ду сол аст, ки имкони ба Ватан рафтанро надорам. Занам қаҳр карда, аз хонаи модарам ба хонаи худашон рафтааст. Хушдоманам занг зада, даъво дорад, ки дигар занатро намебинӣ, ҷавобашро деҳ. Аз чунин ранг гирифтани зиндагиям хеле андуҳгин шудаам, охир ман ҳамсарамро дӯст медорам, вале айни замон имкон надорам, ки ӯро ба наздам биёрам. Феълан дар Русия муҳоҷирати корӣ хеле мушкил гаштааст. Занам ҳам гапи модарашро такрор карда, мегӯяд, ки “ман зани ту ҳастам, на зани модари касалиат. Биёву маро ҳамроҳат ба Россия бар”. Ду духтарчаи нозанин дорам. Модари бистариамро партофта, занам ба хонаашон рафтааст. Ҳоло дар муҳоҷират дар сохтмон кор мекунам, бар замми қарзҳоямро фиристодан, кам-кам ба занам пул мефиристам. Аммо боз даво дорад, ки то омадани ман ба хонаамон намеравад. Ман ҳарчанд ба занам боварӣ дошта бошам ҳам, вале аз апаи шаттоҳу бе шавҳараш андеша дорам, ки мабодо ӯро ба роҳи бад набарад. Ҳайрону парешонҳолам. Шумо ба ман чӣ маслиҳат медиҳед? Хонандаи шумо, аз Русия

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД