formula
Зане, ки бо шамъу ришта фол медид, боздошт шуд
208

Кормандони Шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Бохтар шаҳрванд Касимова Зоя, соли таваллудаш 1955, истиқоматкунандаи кӯчаи Осимии шаҳри Бохтарро, ки дар манзили истиқоматии худ ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ машғул будааст, боздошт кардаанд.

Ба зикри милитсияи Бохтар, Касимова Зоя ба хотири ба даст овардани маблағи муфт ба сеҳргариву фолбинӣ машғул шудаву бо истифода аз ҳар гуна ашё, аз қабили шамъу ришта ва калиду қуфл гӯё ба дарди маризон даво мебахшад, бар ивази ин амалҳои худ маблағи муайяне талаб мекардааст.

“Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки ӯ дар асл саводу дониши тиббӣ ва динӣ надошта, маҳз ба хотири ривоҷ бахшидани эҳтиёҷоти молиявии худ ва ба даст овардани маблағи муфт ба ин корҳо машғул будааст”, - навиштааст манбаъ.

Гуфта мешавад, ки вобаста ба ҳолати мазкур нисбати шаҳрванд Касимова Зоя барои машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, чорабиниҳои санҷишӣ оид ба муайян намудани дигар ҳолатҳои мардумфиребонаи номбурда идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД