Ким Гудман зани амрикоиест, ки бо қобилияти ғайриоддии худ дар саросари ҷаҳон машҳур гаштааст. Вай метавонад чашмонашро то 12 мм аз косахонаи чашм берун барорад!
Ин рекорди аҷиб соли 2007 дар китоби Рекордҳои Гиннес сабт шудааст. Чашмони Ким мисли чашмони одамони дигар нестанд, вай бе ягон кӯшиш, танҳо бо фикр кардан дар бораи ин амал, чашмонашро аз косахона берун мебарорад.
Ба гуфти табибон, ин қобилияти ғайриоддии Ким Гудман ба мушакҳои пушти чашм ва фишори дохилии косахонаи сар алоқаманд аст. Ин хосияти нодир хеле камёб буда, танҳо чанд нафар дар ҷаҳон чунин истеъдод доранд.
Ким ин маҳоратро тасодуфан пас аз зарбаи сахт гирифтани сараш кашф кардааст. Ӯро "Зани чашмбардор" меноманд. Рекорди Ким то ҳол шикастанашуда боқӣ мемонад.