arzon replenishment
Занозании курьерҳо ва кормандони анбор дар Маскав
944

Муноқишаи курьерҳо ва кормандони анбор дар ғарби Маскав боиси ихроҷи 40 муҳоҷири меҳнатӣ аз Русия гашт, -хабар медиҳад хадамоти матбуотии Раёсати корҳои дохилии Русия дар Маскав.

Муноқиша дар кӯчаи Гвардия сар зада, байни курерҳо ва кормандони анбор аввал баҳсу мунозираи лафзӣ ба миён омада, баъдан кор то ба занозанӣ ва ҷангу ҷидол кашидааст. Гуфта мешавад, ки ҳамаи иштирокчиёни ин муноқиша дар "Яндекс" кор мекардаанд.

Зиёда аз 70 нафар иштирокчиёни моҷаро аз ҷониби пулис дастгир шуда, нисбати 7 нафарашон бо моддаи 20.1-и Кодекси ҷиноятии Федератсияи Русия барои "майдаавбошӣ" протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шудаанд.
40 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ пас аз ин муноқиша аз Русия ихроҷ шуда, 2 муҳоҷир ба ҳабси пешакӣ гирифта шудаанд ва нисбаташон бо моддаи 213-и Кодекси ҷиноии Россия парвандаи ҷиноӣ оғоз ёфтааст.

«Маълум шуд, ки баҳсу муноқишаи курерҳо бо кормандони анбор сари мавзӯи бор кардан ва фаровардани бор сар задааст. Пулис ҳамаи 74 нафар иштирокчиёни ин муноқишаро дастгир намудааст. 40 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ бар асари ин муноқиша аз Русия ихроҷ карда мешаванд. 2 муҳоҷири ҷавон, ки саркарда ва ташкилкунандагони муноқиша ба шумор мераванд ва яке 21 сола буда, дигарӣ 26 сол дорад, ба ҳабси пешакӣ гирифта шудаанд”-навиштааст РИА -Новости.

Дар рафти тафтиш як қатор қонуншиканиҳои дигар, аз қабили вайрон кардани қоидаҳои вуруд ба Русия, надоштани патент, қайд ва дигар ҳуҷҷатҳои зарурӣ ошкор карда шуда, боиси ихроҷи шумораи зиёди муҳоҷирон гаштааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД