goodwell
Зиёда аз даҳ ҳазор муҳоҷирони меҳнатии баргашта бо ҷойи кор таъмин шуданд
79

Аз ҷониби давлату ҳукумати кишвар барои бо ҷойи кор ва манбаъи даромад таъмин намудани муҳоҷирони ба Ватан баргашта тадбирҳои зиёде адешида мешаванд.

Дар тӯли шаш моҳи соли равон 10736 нафар муҳоҷирони баргашта дар ширкатҳое, ки барои ҷалби қувваи корӣ ба хориҷи кишвар иҷозатнома доранд ва ташкилоту муассисаҳои дигар бо кор таъмин карда шудаанд.

Дар ин бора дар гузориши матбуотии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон маълумот дода шудааст.

Қобили зикр аст, ки дар ин давра ҳамчунин 540 нафар ба омӯзиши касбу ҳунар фаро гирифта шуда, 253 нафар ба корҳои ҷамъиятии музднок ҷалб гардидаанд. Ба 87 нафар барои фаъолияти соҳибкорӣ қарзи имтиёзнок дода шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД