formula
Зиёвиддини Нурзод: Ман ГУШНА нестам, ВАЛЕ ...
1069
Зиёвиддини Нурзод: Ман ГУШНА нестам, ВАЛЕ ...

Ҳикмати ҳаёт бо инъикоси воқеоти рӯзгори мардум тавъам аст ва маҳз ҳамин мардумӣ будану самимӣ навиштан осори эҷодкорро дар дилу дида ҷой медиҳад. Хосса барои эҷодкоре, ки хотири завқи худ қаламкашӣ мекунаду аз гузаштааш шарм намедорад.

Дар ин миён Зиёвиддини Нурзод, ки ҳамчун шоир, базлагӯ, таронанавис, ҳаҷвнигор, овозхон, рӯзноманигор, блогнавис, коргардон, ҳунарпеша, қиссагӯ ... (ва ин феҳрист метавонад тӯлонитар идома кунад) маъруф шудааст, ин навбат истеъдоди носирии худро пешниҳоди бинандаи хушзавқи «Оила» намуд.

Ин шаҳодати кони ҳунар будан асту ҳар ҳунараш андар дигар нуҳуфта. Маҳз рӯзноманигор буданаш боис ба ҳунарварӣ шуд ва акнун ин ҳунарҳо ӯро амсоли инсони фарҳехтаву пӯё ҷилва медиҳад. Ин ки бештар аламӣ мехонаду мегирёнад, ҳунари нотакрор аст ва хилофи оне, ки бо қиссаҳояш механдонаду обро аз чашм берун мекунад, маҳорати дигар. Яъне, Зиёвиддин онест, ки ҳам ашк мебарораду ҳам ғунчаи хандаро гирди лаб мешукуфонад. Агар бовар надоред, пас, барномаи моро то анҷом тамошо кунеду худатон хулоса бароред.

Ногуфта намонад, ки Зиёвиддин ба ҳаводоронаш китоби нави худро медиҳад, вале бо як шарт. Чӣ? Дар барнома ҳаст...

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД