arzon replenishment
ЗИНДАГИИ 17 НАФАР ДАР ЯК ҲУҶРА!
4810
ЗИНДАГИИ 17 НАФАР ДАР  ЯК ҲУҶРА!


Ёрмаҳмад Исматови 56-сола муддати 20 сол боз бо ҳамсари нобино ва 5 фарзанди оҷизаш дар як хобгоҳи умумӣ умр ба сар мебарад. Падари хонадон ҷойи кори доимӣ надорад ва рӯзгори аҳли оилаашро, ки аз 17 нафар иборат буда, 6 нафарашон маъюб мебошанд, ба сахтӣ пеш мебарад.

Аз нарасидани ҷой шабҳо аҳли оила қариб, ки рӯ ба рӯ хоб мераванд ва барои қадам гузоштан дигар ҷое намемонад. Фарзанди калонии хонадон Беҳрӯз аз алами бехонагӣ қасди худкушӣ намуда, сирко нӯшидааст, то ки барои падару модараш дарди сари зиётӣ нашавад, аммо Худованд ӯро аз дами марг баргардонд.

Зиндагии пурдарди ин оилаи ниёзманд дили санги хороро ҳам об месозад. Умедворем, ки дарду алами ин нобиноёнро шунида, муштариёни смонаи Оила. ТЧ нисбати тақдири эшон бетараф намемонанд.

Нафароне, ки ба ин оилаи ниёзманд дасти хайр дароз кардан мехоҳанд, метавонанд ба рақамҳои 988-98-90-90 занг зананд ё хайрияи худро ба кортҳои зерин гузаронанд:
Бонки Эсхта. Корти милӣ 5058270420151796
Душанбе сити: 5058270347547670
Рақами телефон ба ҳарду корт пайваст аст!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД