arzon replenishment
Зиндаятим (ҚИСМИ 1)
1901

Падари ман дар гузашта баъди аз ду зан ҷудо шуданаш бо модари ман хонадор шудааст. Дар вақташ падарам коргари орган, одами баобрӯ буд. Аммо аз дасти аз ҳад зиёд нӯшидани арақ ҳаёташро сӯхт ва шаъну шарафи худро поймол карда, хонашин шуд. Ӯ хонашин шуду рӯзи аҳли оила сиёҳ шуд.

Дар ҳавлии бобоям се оила зиндагӣ мекардем. Падарам ҳар рӯз маст омада, бо бародаронаш ҷангу ҷанҷол мебардошт. Модарамро латукӯб мекард. Ҷони модарам ниҳоят аз дасти ин майхора ба лаб расиду ману бародарамро, ки ҳамон вақт яке шашсолаю дигаре чорсола будем, партофта ба Русия назди бародаронаш коркунӣ рафт. Мо кӯдакони бе модар дар зери мушту лагади падари бадмасту янгаю амакҳоямон бо хорию зорӣ ба воя мерасидем. Аз модарам дигар ягон хату хабар набуд. Дар ин хона ману бародарам фармонбардори хурду калон будем. Ҳанӯз чашми рӯз кушода нашуда, молҳоро ба чаро мебурдему намози шом баргашта, гоҳе серу гоҳе гурусна хоб мерафтем.

Нигоҳубини падари бадмаст ба дӯши мани хурдакак буд. Мабодо ягон рӯз либосҳояш нашуста монад, рӯзи ман сиёҳ мешуд. Падарам маро бераҳмона мезад. Мактаб намехондам. Ҳисобу китобро кам-кам аз даҳони бародарам ёд мегирифтам. Ягона пушту паноҳам дар хона бародарам буд. Аммо мутаассифона дар синфи панҷумиаш ӯро ба мактаб-интернати шаҳр бурда монданд. Акнун ман духтари падардори бепадар тамоман бесоҳиб мондам, дигар касе набуд, ки маро пуштибонӣ кунад. Аз зарбаи мушту лагади падари бадмаст ҷонам ба лаб расида буд.

Моҳҳову солҳо сипарӣ мегаштанду ман ба як духтари зебою паричеҳра табдил ёфтам. Афсӯс мехӯрдам, ки бо ин ҳусни зебо савод надорам. Баъзан ба худ андеша мекардам, ки агар дар оилаи тинҷу осуда ба воя мерасидам, мактаб хонда, соҳиби ягон касб мешудам.

Як рӯз падарам аз ҳад зиёд нӯшида ба хона омаду ҳама шишаҳои дару тирезаҳои амакамро зада майда кард. Амакҳоям низ аз падарам безор шуда, аз байни ҳавлӣ девор бардошта, хонаи моро ҷудо карданд.

Акнун нигоҳубини падарам пурра ба дӯши ман буд. Танҳо янгаи хурдиям гоҳ-гоҳ ба мо хӯрок меоварду аз ҳоли ман хабар мегирифт. На дугона доштаму на ягон хешу табор аз дари мо медаромад. Мисли кабки дар қафас будам.

Як рӯз падарам дар хона набуду янгаам маро ба тӯй бурд. Дар ҳамон маърака ҷавоне маро таги чашм карда, талабгор шудааст. Чанд рӯз пас он ҷавон ба хонаи мо хостгор фиристод, вале падарам розӣ нашуд. Чунки имконияти тӯй карданро надошт. Хостгорҳои он ҷавон, ки Шерзод ном доштааст, дари хонаамонро охӯрча карданд. Онҳо ваъда доданд, ки хароҷоти тӯйро пурра ба гардан мегиранд. Ниҳоят падарамро розӣ кунониданд.

С. РАБИЕВА

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД