sebiston july new
ЗУЛАЙХО МАҲМАДШОЕВА: БАХТАМРО БО КАСЕ ТАҚСИМ НАМЕКУНАМ
2884

 Даричаи ошноӣ:

Ному насаб: Зулайхо Маҳмадшоева.

Сол ва ҷои таваллуд: 09.09.1993, ноҳияи Фархори Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Касб: овозхон.

Вазъи оилавӣ: феълан муҷаррад, соҳиби ду фарзанд. 

Имсол аз он рӯзе, ки Зулайхо Маҳмадшоева бори аввал дар рӯйи саҳна баромад карда буд, 10 сол пур мешавад. Дар ин муддат Зулайхо тавонист, ки ҳам машҳур шавад ва ҳам маҳбубияти халқро ба даст орад. Суҳбати мо атрофи албоми нави овозхон, хонаи шахсиаш дар Туркия ва ҷудоӣ аз шавҳараш сурат мегирад.

-Зулайхобону, ба наздикӣ албоми наватонро муаррифӣ кардед, ки аз 10 суруди нав иборат буд. Мехоҳам бидонам, ки албоматон дар ҳамкорӣ бо кадом шоирону оҳангсозон омода шудааст?

-Рости гап, агар албом аз 10 суруд иборат бошад, қариб 8 нафар оҳангсоз дар таҳияи он саҳми худро гузоштаанд. Шеърҳо низ ҳамин тавр интихоб шуданд, бо чанд шоир ҳамкорӣ доштем. Якранг нашавад гуфта, аз ширинии кори ҳар шоиру оҳангсоз кам-кам гирифта, албомро пурра кардам.

-Як суруд бо номи “Модар” сароидаед, ки хеле аламовар аст...

-Вақте худам модар шудам, хостам аз номи модар суруде бисароям. Имрӯз на ҳар модар модари ҳақиқӣ шуда метавонад. Бо вуҷуди серкориям, агар панҷ дақиқа вақти холӣ ёбам, кӯшиш мекунам, ки дар канори фарзандонам бошам. Ин сурудро ба модари худам мебахшам, чун новобаста аз мушкилиҳои рӯзгор моро калон карда, ба ин рӯзҳо расониданд.

-Солҳои аввали ба саҳна баромаданатон шуморо ба Манижа Давлатова монанд мекарданд. Худатон ҳам ба ӯ тақлид мекардед. Нахустин шиносоии худро бо Манижа Давлатова дар ёд доред?

-Қиссааш дуру дароз аст, аммо кутоҳакак нақл мекунам. Аз хурдӣ устод Манижаро дӯст медоштам ва инро ҳама медонистанд. Рӯзе ба ман гуфтанд, ки фалон рӯз дар шаҳри Кӯлоб Манижа дар тӯй баромад мекунад. Аз хона иҷозат пурсида, аз Душанбе ба Кӯлоб, ба дидани Манижа рафтам. Тӯй серодам, хурду калон бо Манижа расм мегирифтанд. Ман ҳам ба ӯ наздик шуда, хоҳиш кардам, ки рақамҳои телефонашро диҳад. Шояд самимӣ будани маро дарк кард, ки хоҳишамро иҷро намуд, чун аз ҳаяҷони зиёд меларзидам. Баъди чанд рӯз тамос гирифтам ва садоямро ба садои ҳар овозхон монанд карда, суруд хондам. Баъд устод Манижа хоҳиш кард, ки садои ӯро тақлид бикунам. Дар ёд надорам, ки кадом сурудашро хонда будам, аммо хоҳишашро иҷро кардам, ки чизе нагуфта, гӯширо гузошт. Пасон бо чунин матн паёмак омад: “Эй духтар, ту кӣ ҳастӣ, ки садои маро дуздидӣ?” Ҳамин тавр, мо шинос шудем ва ӯ ба ман ҳаққи устодӣ дорад.

-Боре миёни шумову Манижа Давлатова нофаҳмӣ ба вуҷуд омадааст?

-Нофаҳмӣ не, аммо агар хатое кунам, аз ман меранҷад. Буданд ҳолатҳое, ки ҷанг мекард, аммо модарвор. Фақат як гап дорад, “туро кушам ҳам, ба об намепартоям” мегӯяд.

-Мехоҳед, ки фарзандонатон мисли шумо дар оянда санъаткор шаванд?

-Рости гап, ман намехоҳам. Мо-ҳунармандон барои худ зиндагӣ намекунем, фақат барои мардум зиндагӣ мекунем. Бигзор, ягон касби дигарро интихоб намоянд ва барои худ зиндагӣ кунанд. Ихтиёр дар дасти худашон аст.

-То ҷое медонам, аз шавҳаратон ҷудо шудаед ва дигар якҷоя нестед. Кӣ ва ё чӣ ба ҷудоии шумо сабаб шуд?

-Ман шахсе ҳастам, ки худро қурбони санъату ҳунарам кардаам, зеро касбамро беҳад дӯст медорам. Он нафаре, ки ҳамсафари ҳаётии ман аст, ӯ низ бояд худро дар роҳи санъати ман қурбон кунад. Ман зиёд ба чорабиниҳо меравам ва агар ӯ маро дарк накунад, бо рашки беасос зиндагӣ намешавад. Шояд мо якдигарфаҳмӣ карда натавонистем ва ҳамин тавр, ҷудо шудем.

-Мегӯянд, шавҳаратонро зиёд дӯст медоштед ва ҳоло ҳам дӯст медоред, ҳамин тавр?

-Вақте чандин сари сол бо ҳам зиндагӣ мекунӣ, албатта, дӯст медорӣ, меҳр мебандӣ... Қариб як сол мешавад, ки якҷоя нестем ва фикр мекунам, ки дигар ин суханҳо бароям муҳим нестанд. Ба набуданаш ҳам одат кардаам. Ҳама чӣ мегузаштааст. Фарзандонамро дӯст медорам ва аз мардуми худ миннатдорам, ки бо шарофати онҳо ба ин зинаҳо расидам.

-Чанд моҳ пеш навори тӯятон баромада буд, ки дар Туркия сабт шудааст. Тӯятонро дар он ҷо гузаронида будед?

-Бале, ҳамеша орзу мекардам, ки тӯям дар Туркия гузарад.

-Аз рӯйи шунидам, дар Туркия хонаи шахсӣ ҳам доред?

-Бале, хонаи шахсӣ дорам.

-Рост аст, ки волидони шавҳаратон ба тӯйи шумо розӣ набуданд?

-Дуруст аст, дигар чӣ бигӯям?

-Ин яке аз сабабҳои аз шумо ҷудо шудану зани дигар гирифтани шавҳаратон буда метавонад?

-Ин ҳам сабаб шуда метавонад, аммо агар ман намехостам, ҳеҷ гап намешуд.

-Бигзор, шавҳаратон зани дигар мегирифт, аммо ҳамроҳи шумо ҳам меистод, намешуд магар?

-Чизе, ки аз ман аст, бояд аз ман бошад. Ман ҳеҷ гоҳ зиндагиамро бо касе қисмат карда наметавонам. Ё аз ман бошад, ё набошад.

-Агар шавҳаратон баргардад, дубора қабул мекунед?

-Албоми нави сурудҳоямро “Намебахшам” ном ниҳодаам ва бо ин ном як суруд ҳам сароидаам, ки аз зиндагии худам гирифта шудааст. Оҳангаш моли устод Манижа Давлатова мебошад. Яъне, намебахшам.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД