Бонувон мехоҳанд ақаллан як рӯз - дар 8-уми март худро малика эҳсос намоянд, аз ҳамин хотир, хуб мешуд, ки дар рӯзи ид мардҳои азиз хонумҳоро аз ҷунбуҷул дар ошхона озод намоянд ва дасту остин барзада, худашон аз паси оростани хони идона шаванд.
Дастурхони идонаро чӣ гуна бояд орост?
1. Хонаро бо пуфакҳои ранга, лентаҳои ҳархела, гулу гулбаргҳо ва шамъ оро диҳед, то фазои идона табъи бонувони хонаводаи шуморо шод созад.
2. Дастархони сафед, гулобӣ ё осмонранг партофта, дар 4 гӯшааш дастпокҳои ҳамранги дастархонро гузоред.
3. Таом ва хӯришҳоро дар зарфҳои зебои чинӣ ва булурин рӯйи дастархон гузоред. Барои он ки дастархони шумо бою шоҳона ба назар расад, дастпокҳоро дар шакли гул тоб дода, аз миёнашон ҳалқачаҳои тилоранг гузаронед ва ё бо лентачаҳои борики ранга баста ба даруни бокалҳо ё дар болои табақчаҳо гузоред. Ин ба миз шукӯҳи дигар мебахшад.
4. Дар байни мизи идона ҳатман дар зарфе гул гузоштан лозим аст, зеро занҳо худашон ба гул шабоҳат дошта, гулро дӯст медоранд.
5. Дар рӯи миз ҳатман бояд торт, мевагӣ, чанд намуд ҳасиб ва панири резашуда, мурғ ё моҳӣ, хӯришҳои гуногуни гӯштӣ ва сабзавотӣ, обҳои газноку шарбатҳои мевагӣ, самбӯса ва ширинӣ - шоколад бошад. Беҳтараш тортро аз мағозаҳои ширинифурӯшӣ бихаред ё пешакӣ супориш диҳед. Самбӯсаю шириниҳоро низ аз мағоза мехаред.
6. Дар рӯзи ид ба бонувон 2 хӯрок пешкаш кардан лозим аст. Беҳтараш оши палав ё гӯштбирён пазед. Пухтанаш осон буда, ҳамзамон ин хӯрокҳо шоҳона ба ҳисоб мераванд. Сарфи назар аз он ки шумо ош мепазед ё гӯштбирён, моҳӣ ва мурғро фаромӯш накунед, чунки ҳам сабук ва ҳам хушхӯр буда, ба мизи идона шукӯҳи дигар мебахшанд.
7. Мардҳо фантазияи худро ба кор бурда, бо маҳсулоти начандон зиёд мизи шоҳона ороста метавонанд, масалан панир ва ҳасибҳои гуногуни резашударо дар шакли гул ё ягон нақши дигар дар хӯришгирак чида, як “асари хушмаза” офаред, ки бо диданаш занҳо ба ваҷд меоянд.
8. Идро бидуни туҳфаҳо тасаввур кардан душвор аст, бинобар ин, меоем сари мавзуи ткҳфаҳо. Беҳтарин фурсат барои тақдим кардани туҳфа ба бонувон - ин сари дастархони идона аст, агар туҳфа шаклан калон набошад. Атр, чавоҳирот ва дигар туҳфаҳои хурдро дар сари дастархон тақдим кардан хуб аст, вале яхдон, мошинаи ҷомашӯӣ ё чангкашак тақдим карданӣ бошед, туҳфаи худро қаблан супоред.
9. Ба кӣ чӣ туҳфа кардан лозим аст? Барои модар беҳтарин туҳфа қолинча бо акси худи модар аст. Агар қолин ба шумо писанд набошад, метавонед акси модаратонро дар табақи зебо, болишт ё дигар ашёи зебо ва зарурӣ фармоиш дода, дар рӯзи ид барояш ҳадя намоед. Модарон аз дидани чунин туҳфа хурсанд мешаванд, зеро он рамзи муҳаббат ва қадршиносии шумост. Ба духтар ё набераатон метавонед телефони мобилӣ, китоби шавқовар ё гӯшмонак туҳфа намоед. Духтаракон чунин туҳфаҳоро дӯст медоранд, зеро замони муосирро бидуни технология ва интернет тасаввур кардан душвор аст. Ба ҳамсар, арӯсшаванда ё зани дӯстдоштаатон шумо метавонед ороишоти тилоӣ, нуқрагин ё атриёти хушбӯй тақдим намоед.
10. Агар шумо иди бонувонро бо зани дӯстдоштаатон дар танҳоӣ мегузаронида бошед, барои он ки туҳфа ногаҳонӣ ва ҳаяҷоновар шавад, онро дар дохили ягон зарфи хӯрок ё хӯришгирӣ пинҳон кунед. Дар рафти базм аз азизи дилатон хоҳиш кунед, ки ҳамон зарфро кушода, ба ҳама хӯриш резад. Бо боз кардани он бону дар дохилаш қуттичаи ҷавоҳирот ё атрро дида, ба ҳаяҷон меафтад.
Умедворем, ки маслиҳатҳои мо ба шумо кумак мерасонанд ва иди бонувону “Рӯзи Модар”-ро бо занҳои дӯстдоштаи худ ба таври афсонавӣ, хотирмон ва фаромӯшнашаванда мегузаронед.
Ф. САТТОРӢ