sebiston july new
10- СОЛИ ИНТИЗОРӢ МОДАРРО ПИР КАРД
2979

Мо дар деҳаи Ғаллаободи ноҳияи Хуросон зиндагӣ мекунем. Дар деҳаи мо дар тамоми фаслҳои сол шамол хеле бошиддат мевазад ва одами бори аввал ба ин ҷо меҳмоншуда садои уллоси шамолро ба овози гург монанд карда меҳаросад. Чандин сол инҷониб ҳар саҳар вақти ба мактаб рафтан чашмам ба пиразане меафтид, ки ба барфу борону жолаю шамол нигоҳ накарда ҳамеша дар паси дарвоза буд.

Ин кампир на аз шамолу тандбод метарсиду на аз гургу сагу рӯбоҳ ҳарос дошт. Ҳайрон мешудам, ки чаро ҳатто дар рӯзҳои сарди зимистон, ки ба қавле саг аз хонааш намебарояд, ин пиразан дар хона намешинад. Дар дил худ ба худ мегуфтам, ки шояд ин кампирак девона аст ё ягон дарди дигар дорад, вале баъдтар маълум шуд, ки пиразан бемор не, чашмбароҳ аст ва аз саҳар то шом роҳи писари муҳоҷираш Ҳусейнро мепояд. Ҳусейн 10 сол пеш ба Руссия рафта бедарак шудааст. Ҳолдонҳо мегӯянд, ки ду соли аввал Ҳусейн ба модару зану фарзандонаш пул мефиристодааст, вале баъд якбора гумном шуда, дигар аз худ дарак надодааст. Намедонам рост аст ё бофтаи мардум, вале мегӯянд, ки соли 2011 Ҳусейнро дар шаҳри Маскав дидаанд. Дар ҳамон ҷо зани рус гирифта, дигар майли бозгашт надоштааст.

Ҳарчанд насиҳат кардаанд, ки ақаллан ба хотири модари пири чашмбароҳаш ба Ватан баргардад, сар нафароварда, гуфтааст, ки биҳишти ман ҳамин ҷост, дигар ба Тоҷикистон намеравам!

Инак, беш аз 10 сол мешавад, ки холаи Сафарбӣ роҳи фарзанди бевафояш Ҳусейнро мепояд. Чашмони кампир аз роҳпоӣ камнӯр гаштаанд. Вақтҳои охир аз тарси таънаи одамони дунёбехабар, ки ӯро гадо гумон мекунанд, дигар ба кӯча намебарояд, вале ҳамоно чашмаш ба роҳ аст. Ҷигархун шудааст аз доғи ҳиҷрони фарзанди беинсоф модари чашминтизор. Бечора, худаш нахӯрду Ҳусейнро хӯронд, худаш напӯшиду ӯро пӯшонд, ба умеде, ки замони пирӣ асои дасташ мегардад, вале писари беандеша ба ҷойи малҳам рӯйи дилаш доғ гузошт. Доғи ҷонсӯзи дурию фироқ!

Мехоҳам аз минбари «Оила» ба Ҳусейн бигӯям:

Ҳусейн! Модаратон рӯйи бистари беморӣ хоб аст ва шояд рӯзҳои башумори умраш боқӣ монда бошад. Ягона орзуяш ҳамин аст, ки пеш аз маргаш ақаллан як лаҳза рӯйи писарашро бубинад. Модари зорро навмед намудан гуноҳест, ки на худованд мебахшаду на бандагонаш. Як зарра хуни мардӣ агар дар вуҷудатон боқӣ монда бошад, зудтар ба Ватан баргардед!

Ҳафиза Бобиева

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД