arzon replenishment
Қабули хоҳишмандон барои сафари корӣ ба Англия сар шуд!
731


Солҳои охир марзҳои муҳоҷират торафт васеътар гашта, акнун муҳоҷирони меҳнатии тоҷик натанҳо ба Русия ва кишварҳои пасошӯравӣ, балки ба дигар мамлакатҳо низ ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта метавонанд.

Алалхусус талабгорони муҳоҷирати меҳнатӣ ба мамолики Аврупо хеле зиёданд.
Хушбахтона муносибатҳои дӯстонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ торафт мустаҳкамтар гашта, ба боз ҳам васеътар гаштани доираи муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони кишвари мо ба давлатҳои гуногуни хориҷӣ мусоидат менамояд.

Бо шарофати ҳамин ҳамкориҳо ва муносибатҳои дӯстона тайи чанд соли охир Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар асоси шартномаҳои байнидавлатӣ теъдоди муайяни муҳоҷирони меҳнатии тоҷикро барои кор ба Куриёи Ҷанубӣ, Британияи Кабир ва дигар давлатҳои пешрафта мефиристад.

Соли гузашта ҳудуди 2000 нафар муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ба Англия ва дигар кишварҳо ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта буданд. Гуфта мешуд, ки барои ҳар як соати кори кишоварзӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ дар Британияи Кабир 10-12 фунт-стерлинг дода мешавад, ки тақрибан ба 12-14 доллари амрикоӣ баробар мебошад. Ҳамин тавр муҳоҷирон дар як рӯз 6-7 соат кор карда, моҳе то 1500-2000 доллари амрикоӣ ба даст меоварданд ва дар муддати шаш моҳ маблағи хубе ҷамъ карда, ба Ватан бармегаштанд...
Инак, боз номнавис кардани хоҳишмандон барои муҳоҷирати корӣ ба Британияи Кабир оғоз ёфтааст.

Тавре ки Директори Марказҳои машваратӣ ва омодагии қабл аз сафари муҳоҷирони Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуҷаназар Акбаров дар суҳбат ба хабарнигори сомонаи Оила. ТЧ гуфт:

“Номнавис кардани хоҳишмандон барои муҳоҷирати меҳнатӣ ба Британияи Кабир барои мавсими соли 2024 аллакай оғоз ёфтааст. Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Англия асосан бо корҳои кишоварзӣ машғул мешаванд. Шахсоне, ки мехоҳанд ба Британияи Кабир ба муҳоҷирати меҳнатӣ раванд, метавонанд ба Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони Хадамоти муҳоҷирати ҷумҳурӣ муроҷиат намоянд. Барои номнавис кардани шаҳрванд шиносномаи хориҷӣ, рақами телефон ва почтаи электрониаш кифоя мебошад. Номнавис кардан комилан ройгон аст...”

Шахсоне, ки хоҳиш ва нияти ба Британияи Кабир ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтанро доранд, метавонанд барои гирифтани маълумоти иловагӣ ба рақамҳори зерин занг зананд: 225-05-75 ва 225-08-33

Ёдрас мешавем, ки Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар суроғаи шаҳри Душанбе, хиёбони Садриддин Айнӣ 121, ҷойгир аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД