toyota motors
Афсонаи муҳаббат (ҚИСМИ 10)
512

Занҳо аз тарс ба ҳар тараф гурехтанд. Файзулло ба хона даромад. Мафтуна дар байни ҳуҷраи хоб бо ду даст гӯшҳояшро фишурда, ашк мерехт. Болои сараш шавҳарашро дида, аз ҷойи нишаст қомат бардошт ва худро ба бағали маҷнунаш партофта, аламашро ба забон овард.

- Ин боз як фитнаи Юлдош мебошад. Биё, ҷонакам, аз ин мулк кӯчида равем. Ин пирсаг зиндагиамонро ба азоби дӯзах баробар мекунад.

- Ин падарлаънатро мепарронам,- Файзулло мушташро гиреҳ кард.

- Азизам, ҳеҷ гоҳ ба ин кор даст назан,- Мафтуна худро ба пеши пойи шавҳараш партофт.- Агар туро ба зиндон партоянд, ман маҷбурам барои раҳоӣ аз дасти ин қотил заҳр бинӯшам.

- Хоҳишатро дар тарозуи ақл бармекашам,- Файзулло ба ҷойи кор шитофт.

Дар коргоҳ ӯро имтиҳони дигаре интизор буд. Ҳанӯз аз мошин нафаромада, котибаи сардор дар рӯ ба рӯяш рост шуд.

- Шуморо Бегиҷонов кофта гаштааст.

- Чӣ кор доштааст?,- дари мошинро қуфл карда, Файзулло дар паҳлуи духтари мавзунқомат қадам зада пурсид.

- Ман аз куҷо донам,- китф боло кашид котиба.- Фақат ҳис кардам, ки авзояш беҷост.

- Аллакай қаҳрамонӣ нишон додӣ-ҳа,- Бегиҷонов якбора ба дӯғ задан даромад.- Ба сӯйи як гурӯҳ занони бечора тир паррондӣ. Аз болоят шикоят оварданд. Мана, бигиру бихон. Бар болои ин онҳо ба назди прокурор рафтаанд. Ӯ ҳозиракак занг зада, гузаронидани санҷишро ба ман супорид. Амр кард, ки ҳатман чора андешам. О, ҷӯра, аз кор раву маро ба ҳолам гузор. Ба нафақа баромаданамро ду сол мондааст. Осудаву ором ва бо сари баланд мехоҳам истироҳат кунам.

- Равед ва бо хотири ҷамъ давлати пирӣ биронед,- гуфта Файзулло аризаи навиштаашро болои мизи Бегиҷонов партофта, аз дафтари корӣ баромад…

Занги телефон Файзуллоро аз хоб бедор кард. Бо дили нохоҳам асбобро бардошта, тугмаи шунавоиро зер кард. Ӯ гумон дошт, ки аз вазорат занг зада, ба ягон ноҳия ба кор мефиристанд. Номи дӯсти ҳамкурсаш Сидорро шунида, чеҳрааш якбора шукуфт.

- Салом, Федя,- ҳамкурсони гурӯҳи русӣ ӯро ҳамин тавр ном мебурданд.- Чӣ ҳол дорӣ? Сигор туи сагбачаро ташвиш медиҳад. (Тоҷикбачаҳо Сидорро, ки дар даҳонаш доимо тамоку буд, Сигор номгузорӣ карда буданд). Боре ҳам телефон намекунӣ. Бача аз худ рафтаӣ. Даст ба фориғболӣ задагистӣ. Танбалхӯҷаи бепарвофалак. Офтоби гарми кишварат таъсир кардагист.

- Ҳама эродҳоят қабул,- бо ханда ҷавоб гардонд Файзулло.- Хоҳише доштам. Агар розӣ бошӣ арз намоям, ҷаноби бухории дудбаро.

- Гӯш мекунам, ҳазрати китоб,- Файзулло панҷ сол аз китобхонаи ба номи Абулқосим Фирдавсӣ набаромад. Сидор солҳои донишҷӯйиро ба хотир овард.- Чӣ хоҳише дошта бошӣ, сад фоиз иҷро мекунам.

- Агар ба шаҳри Краснодар биёям, бо кор таъмин карда метавонӣ?

- Чаро не,- дили ҳамкурсашро пур кард Сидор.- Охир ман сардори шуъбаи корҳои дохилии шаҳр мебошам... Ҳам ба кор таъмин мекунам ва ҳам манзили истиқоматӣ муҳайё месозам.

(Давом дорад)

Зариф ҒУЛОМ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД