goodwell
Афсонаи муҳаббат (ҚИСМИ 4)
542

- Аз рӯйи мушоҳидаи ман ту як рӯз ҳам ба мактаб нарафтаӣ,- аз қироати духтар ба ваҷд омад Файзулло,- вале шеърхониат маро ба ҳайрат овард.

- Модарам шахси босавод буд ва каме шеър мегуфту менавишт, - Мафтуна ба хотираҳои даврони кӯдакӣ ғарқ гашт.- Чанд дафтари шеърашро назди нависанда Равшани Ёрмаҳмад бурд. Адиб намедонам аз нописанӣ, ё нисбати қавми мо хусумат дошт ва ё бо сабабҳои номаълум офаридаҳояшро чоп накард. Модарам боре аз мағозаи «Олами китоб» девони Ҳофизро харида, пинҳонӣ ба хона овард. Чунки саравлод ҳар бегоҳӣ халтаҳои занонро аз назар мегузаронад. Шабона модарам ғазалҳои Ҳофизро мехонд ва баъзе мисраъҳоро азёд мекарду маро ҳам маҷбур мекунонд, ки ба тиловати ғазалҳои шоир машғул шавам.

- Қандата зан,- таъриф кард Файзулло.- Акнун таклифи маро рад намекардагистӣ.

- Боз мушкилоти дигаре пайдо мешавад,- духтар пешона чин кард.

- Боз чӣ гуна мушкилот?

- Аз ёру дӯст, ҳаққу ҳамсояҳо, хешу табор ҷудо мешавӣ,- Мафтуна ба сӯйи ҳавлии ҳамсоя рӯй гардонд.

- Чаро?

- Мардуми ту ноне, ки дасти зани ҷӯгӣ расидааст, намехӯрад,- овози духтар қадре дурушт баромад.

- Ҳалли ин масъала бар китфи ман,- баъди қадре хомӯшӣ Файзулло қарорашро баён кард.

- Беҳтараш эҳсоси дар дилат ҷӯш задаро ба тариқи зӯрӣ хомӯш бикун, - илтимос намуд Мафтуна ва ба ҳавлии ҳамсоя даромад.

- Магар дил амрро гӯш мекунад?– ин сухани ҷавонмардро ҷӯгидухтар нашунид.

Мафтуна як моҳ ғайб зад. Аз рӯйи ҳисоби Файзулло духтар чор якшанбе бояд дарбачаро мекӯфт. Дар ин муддат фақат як савол дар сари муфаттиш чарх мезад. Чӣ сабаб шуда бошад, ки духтар пайдо намешавад?

Мафтуна дар моҳи дуюм ҳозир шуд. Каме ранги рӯяш парида. Дили Файзулло ба ҳоли ӯ сӯхт ва дарҳол ин саволро ба забон овард.

- Шояд аз ин касаба даст кашӣ?

Нигоҳи духтар ғазаболуд менамуд ва ӯ бо қаҳр ҷавоб гардонд.

- Ҳеҷ гоҳ. Ҳар рӯзи шанбе саравлод маъвизаҳо мехонад. Мегӯяд, ки моро фақат фақру нодорӣ наҷот медиҳад. Қавми мо набояд ба дониш, ҳунар ва маърифат рӯй оварад. Мушоҳида кардагистӣ, ки аз байни мо на донишманде баромад ва на ҳунарманде. Мо рақсу суруд ва хушҳолию хурсандиро дӯст намедорем. Лӯлиён баръакс бо ҳамин ҳунарашон машҳур гаштанд. Онҳо бо истеъдоди худ тавонистанд ду давлат Романия ва Малдова таъсис диҳанд. Ҳамин қудратро Худованд ба мо набахшид.

Саравлод пайваста моро ҳушдор месозад. Қавми ҷӯгиҳоро фақат қашшоқӣ наҷот медиҳад. Зеро ки ҳамаи ҷангу ҷидол, кашмакашиву низоъҳо аз пушти молу зар, боигариву сарват буда, бисёр халқу миллаҳо аз қафои ҳамин иллат туъмаи фони ҷаҳон шудаанд.

- Балки худат намехоҳӣ, ки дар таърихи инсоният ҷойгоҳи худро ёбӣ,- на ба таънаву киноя, балки аз сӯзиши дарди дил Файзулло ин ҷумларо баён кард.

- Эҳтимол гапат дуруст бошад, - духтар оҳи чуқур кашид.- Кабки хурсандву хушҳолӣ дар кулбаи ман парвоз накард. Гарданкаҷӣ, тарсрӯйӣ, дасти тамаъ насиби ҷӯгӣ гашт.

- Пас биё тақдиратро бо ман бипайванд,- Файзулло бори дигар хоҳиши дили дардмандашро баён намуд.

- Ишқу зиндагиат ба сарам фоҷиа меорад, - Мафтуна бо чеҳраи ғамгин тоб хӯрда, ба тарафи ҳавлии ҳамсоя бо сари хам қадам монд. Гӯё бори вазнини дард болои китфонаш бор шуд, ки ӯ бо қомати хамида, ҳар як қадамашро шуморида, пой мегузошт.

- Мо бо матонату иродаи қавӣ ҳамаи мушкилотро бартараф мекунем,- аз пушти духтар овоз баланд кард Файзулло.- Агар ба муҳаббатам бовар кунӣ.

Ҷӯгиухтар аз қадамзанӣ боз истод. Тоб хӯрда, ба симои маҳзун ҷавоб гардонд:

- Саравлодамон ба синни шаст қадам гузошт. Ду зан дорад. Ҳине, ки модарам зинда буд ба ӯ часпида буд. Се сол аст, ки саробони сарамро ба хок супоридам. Акнун ин бадзот ҳаваси оғӯши гарми маро дар дил мепарварад. Қисмати талхе насибам гаштааст.

- Қисмат дар дасти ҳар дуи мост,- Файзулло аз дарбача баромаданӣ шуд.

- Илтимос, аз ҷоят наҷунб,- дод зад Мафтуна.

- Чаро?- ҳайрон шуд соҳиби хона.

- Саравлод писаракеро супориш додааст, ки ҳар қадами маро назорат барад.- Ҳу, ана, дар пушти магазин истода, вазифаашро иҷро карда истодааст,- Мафтуна ба ҳавлии ҳамсоя даромад…

(Давом дорад)

Зариф ҒУЛОМ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД