goodwell
Афсонаи муҳаббат (ҚИСМИ 7)
617

Файзулло бо дили озурда ба хона омада бошад ҳам, барои он, ки Мафтуна ҳолати хиҷолатмандияшро нафаҳмад, дар сари дастурхон бо ҳазлу шӯхӣ қиссаҳои шавқангезро ба ҳикоя кардан даромад.

Садои кӯфтани дарвозаро шунида, Файзулло пиёлаи чойро болои миз гузошта, берун баромад. Падару модарро дар пешорӯяш дида, аз хурсандӣ бағал кушод.

- Хуш омадед, падарҷон. Қадамҳои модари меҳрубон нури дида, тоҷи сар.

- Аз ҳоли ҷигарбандамон хабар гирем гуфта, ҳамроҳи кампир як сари қадам ба хонаат даромаданӣ будем,- мӯйсафеди Хушмат бо чеҳраи гирифта арзи ҳол намуд.- Ҳамсоязан аз мо пурсид, ки бобо, ба куҷо равонаед? Гуфтам, ки писари муфаттишамро дидан мехоҳам.

- Э, ҳамин милисае, ки зани ҷӯгӣ гирифтааст, писаратон мебошад.

- Ҳамин гапат рост?,- дар ҳайрат монда савол додам.

- Ҳа, рост,- гапашро тасдиқ кард занаки ҳамсоя.- Бе тӯю тамошо ҷӯгидухтарро ба занӣ гирифта, аллакай як сол шуд, ки зиндагӣ доранд. Мо ҳамсояҳо ба хонааш намедароем.

- О, ман барои писарам духтари нозанине таги чашм карда, барои гирифтани розигиаш омадам,- ба ӯ ҳамин гапро гуфтам.

- Бобо, дер кардед,- зан лаб бурма кард.- Келинатон имрӯз ё пагоҳ набера таваллуд мекунад.

- Ҳамин гапҳо рост, писарам?,- мӯйсафед нигоҳи ғазаболудашро аз рӯйи фарзанд намеканд.

- Падар, ба хона дароем,- илтиҷо кард Файзулло.- Дар гирди дастурхон сари як пиёла чой баҳузур нишаста ба саволат ҷавоб диҳам.

- Агар гапи зани ҳамсоя рост бошад,- пирамард аз дасти ҳамсараш гирифт,- мо ба хонае, ки ҷӯгӣ пой мондааст, намедароем. Ақлатро хӯрдӣ, ки ҷӯгидухтарро ба зани гирифтаӣ…

Файзулло шаби висолро ба хотир овард.

- Ту маро сидқан дӯст медорӣ?,- ҳангоме ки дилдодааш пой бар остонаи хона гузошт, ӯро бо меҳр ба оғӯш гирифта пурсид.

- Бо тамоми вуҷуд, бо тамоми дилу ҷон, беҳад, бе охиру бе андоза,- Файзулло аз рӯйи рухсораи анормонанди ҳамсараш бӯса ситонд.- Магар ҷонбозиҳои ман исботи ишқи покам нест?

- Бовар мекунам,- бо табассуми малеҳ Мафтуна шавҳарашро ба ҳуҷраи хоб даровард.- Чӣ хоҳише дошта бошам, иҷро мекунӣ?

- Бе чуну чаро.

- Амалҳои аҷдодии маро бе таҳқиру тамасхур қабул бикун. Ман бояд як маросими қадимаи авлодиамро иҷро кунам.

- Ихтиёр дорӣ.

(Давом дорад)

Зариф ҒУЛОМ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД