Ҷамъбасти мусобиқа оид ба футбол байни дастаҳои деҳаҳо ва маҳаллаҳои аҳолинишини Тоҷикистон
17.12.2025
Oila.tj
58

Дар майдончаҳои захиравии Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе марҳилаи ниҳоӣ ва маросими қадрдонии ғолибони мусобиқаи варзишӣ оид ба футбол байни дастаҳои деҳаҳо ва маҳаллаҳои аҳолинишини ҷумҳурӣ баргузор гардид.

Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, дар финал дастаҳои “Чилчашма”-и ноҳияи Файзобод ва “Корез”-и ноҳияи Данғара бозӣ карданд. Футболбозони ноҳияи Файзобод ғолиби мусобиқа гардиданд.

Иброз гардид, ки баргузории чунин мусобиқаҳои оммавию варзишӣ дар байни аҳолӣ, бахусус ҷавонон ба тарғиби тарзи ҳаёти солим, рушди футбол ва таҳкими дӯстию ҳамбастагӣ мусоидат менамояд.

Дар фарҷоми мусобиқа ғолибон бо Ҷом, медал, Диплом ва мукофотпулӣ қадрдонӣ гардиданд. Аз ҷумла, барои ҷойи аввал дастаи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ - 1 бо маблағи 35 000 сомонӣ, барои ҷойи дуюм дастаи Хатлон - 2 бо 30 000 сомонӣ ва барои ҷойи сеюм дастаи Хатлон - 1 бо 25 000 сомонӣ сарфароз гардонида шуданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД