arzon replenishment
Ҳаҷми алимент чи қадар аст?
529

 

Ба наздикӣ аз шавҳарам бо ду фарзанд ҷудо шудам. Дар ягонҷо кор намекунам, донистан мехоҳам, ки барои фарзандонам чӣ қадар алимент гирифта метавонам?

Сумая.

Ба саволҳои хонандаи «Оила» ҳуқуқшинос Зафар Қурбонов ҷавоб медиҳад.

-Тибқи талаботи моддаи 83 Кодекси оилаи ҶТ «Ҳангоми набудани созишномаи падару модар дар хусуси пардохти алимент ба кӯдакони ноболиғ ва дар ҳолате, ки агар падар ё модари алиментдиҳанда музди кор ва ё даромади дигари номунтазам ё тағйирёбанда дошта бошад, ё агар ин падар ё модар музди меҳнату даромади дигарро пурра ё қисман дар шакли асл (натура) ё асъори хориҷӣ гирад, инчунин ҳангоми нагирифтани музди меҳнат ва (ё) даромади дигар, инчунин дар ҳолатҳои дигаре, ки ситонидани алимент вобаста аз ҳиссаи музди меҳнат ва даромади дигари падар ё модар имконнопазир, мушкил ё манфиати яке аз тарафҳоро моҳиятан халалдор созад, суд метавонад андозаи алименти ҳармоҳа ситонидашавандаро ба маблағи устувор ва ё ҳамзамон дар шакли ҳисса (мутобиқи моддаи 81 ҳамин Кодекс) ва бо маблағи устувор муайян намояд».

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД