arzon replenishment
АМИНА ДУХТАР ТАВАЛЛУД КАРДУ ШАВҲАРАШ ЗАНИ НАВ ГИРИФТ
4037


Иддае аз мардони тоҷик як одати бисёр бад доранд-духтарро аслан фарзанд ҳисоб намекунанд. Вақте ки зан пай дар пай се-чор духтар ба дунё меорад, мард ба ғазаб омада, ҳамсарашро аз хона меронад ё зани дигар мегирад, то ки барояш писар-меросхӯр таваллуд карда диҳад.

Тақдири Амина, Саломат ва даҳҳо занони дигар, ки фақат ба хотири духтарзоӣ хонавайрон ва сиёҳбахт гаштаанд, делели равшани ин гуфтаҳост.

Амина Мирзоева сокини шаҳри Кӯлоб буда, ҳамагӣ 24 сол дорад. Айни замон ин ҷавонзани берӯзӣ бо се духтарчаи хурдсолаш дар як оғилхона, ки моли амакаш мебошад, зиндагӣ мекунад.

Фарзандони Амина-Марями 5-сола, Румайсои 3-сола ва Оишамоҳи яксолаву думоҳа мисли тамоми тифлакон ниёз ба меҳру муҳаббат ва навозиши падарона доранд, вале падари сангдилашон аз ҳоли онҳо хабар намегирад.

Ба қавли Амина, ҳанӯз замони дар батнаш будани фарзанди сеюмаш бо шунидани он ки тифл духтарча аст, шавҳараш қаҳр карда ба Русия рафт ва бо ҳамин бедарак гашт.

Оишамоҳ яксолаву думоҳа шуда бошад ҳам, то ба имрӯз ин падари сангдил ягон бор фарзандашро суроғ накардааст. Ӯ ҳатто намепурсад, ки кӯдаконаш дар куҷо зиндагӣ мекунанд, чӣ мехӯранду чӣ мепӯшанд. Аминаи берӯзӣ, ки танҳо бо айби “духтарзоӣ” хонавайрон шудааст, баъди шикасти бахт аз ночорӣ бо се тифлаки маъсумаш дар оғили амакаш зиндагӣ ихтиёр намуда, ҳоли зоре дорад.

Ҷавонзани сиёҳбахт аз хонаҳои ҳамсояҳо қуттиҳои пластикиро ҷамъ карда мефурӯшад, то ки илоҷе карда, рӯзи се фарзанди падардори бепадарашро гузаронад. Ҳаққу ҳамсояҳо аз рӯйи раҳму шафқат баъзан ба ин оилаи камбизоат як коса хӯрок, як нон ё либосҳои кӯҳнаи фарзандонашонро медиҳанд, вале магар танҳо бо садақаи мардум зиндагиро пеш бурда мешавад?! Шавҳари Амина дар Русия бо зани дигар хонадор шуда, дар сӯҳбат ба хабарнигорони Радиои Озодӣ гуфтааст, ки қабл аз сафар ба Русия ҳама гапро ба ҳамсараш гуфта, таъкид карда буд, ки дигар ба умеди вай нашавад.

Имрӯз Амина бо се фарзанд дар нимароҳи зиндагӣ зору ҳайрон монда, намедонад ба куҷо равад ва аз кӣ мадад пурсад, зеро волидонаш низ манзили зисти худро надоранд. Аз як сӯ алами шикасти бахт, аз ҷониби дигар мушкили бехонагиву дар ба дарӣ ин ҷавонзани тоҷикро ба гирдоби ғаму дард гирифтор намудааст.

Амина ягона зане нест, ки бо сабаби фақат духтар ба дунё овардан хонавайрон шудааст. Саломат Раҷабова ва даҳҳо занони дигар ҳамтақдири Амина буда, аз шикасти бахт баъди тавлиди чанд духтар шиква доранд.

Тибқи қонунҳои ҷорӣ ҳуқуқи зану мард дар Тоҷикистон баробар аст, вале новобаста ба ҳама талошҳои ҳукумати кишвар ва созмонҳои гуногуни байналмиллалӣ то ба имрӯз теъдоде аз мардони тоҷик писарро бар духтар бартарӣ медиҳанд. Ин нобаробарӣ ҳатто ҳангоми тақсими мерос низ бараъло ба назар мерасад, зеро маъмулан тамоми дороии волидон байни писарони хонавода тақсим шуда, духтарон аз мерос аслан бархӯрдор намешаванд.

Духтарҳои бо ақлу хирад ва ҳунарманде ҳастанд, ки ба танҳоӣ ҷавоби даҳ писарро дода, барои волидони худ дар зиндагӣ такягоҳи устувор мегарданд, вале чаро ҳатто дар асри ХХ1 ҳам баъзе мардони тоҷик духтарро аз писар кам дониста, ҳамчун рамзи норозигӣ аз тавлиди пай дар пайи чанд духтар қаҳр мекунанд ё талоқи ҳамсарашонро дода бо зани дигар хонадор мешаванд?
Назари худро дар шаҳри мавод нависед!

Р\С
Мавод дар такяба Радиои Озодӣ таҳия шудааст

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД