arzon replenishment
Англия ва Корея коркунӣ мебарем мегӯянд, вале...
571


Салом ба аҳли эҷоди сомонаи Оила. ТЧ! Ман, зани 28-солаи тоҷик ва модари 2 фарзанд ҳастам. Шавҳар надорам.

Мехоҳам кӯдаконамро ба модарам гузошта, ба Россия, Туркия, Корея ё ягон давлати дигар равам ва пули хона кор карда, минбаъд бо фарзандонам бе миннат зиндагӣ кунам. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ чандин эълонҳоро дидам, ки ваъдаи ба Британияи Кабир ва ба Корея коркунӣ бурдани тоҷиконро додаанд. Дар аксари эълонҳо навишта шудааст, ки барои виза ва тахт кардани ҳуҷҷатҳо муҳоҷирон бояд пешакӣ 800-1000 доллар ё евро супоранд. Ростӣ ман чунин маблағ надорам ва мехоҳам барои муҳоҷират ба хориҷи кишвар аз ягон бонк қарз бигирам, аммо метарсам, ки мабодо фиреб нахурам. Шумо ба ман чӣ маслиҳат медиҳед?

Ҳабиба, сокини шаҳри Душанбе

Посух

Мо ба тамоми шахсоне, ки нияти ба хориҷи кишвар ба муҳоҷрати меҳнатӣ рафтанро доранд, маслиҳат медиҳем, ки эҳтиёт бошанд ва ба шахсони тасодуфӣ бовар накунанд. Солҳои охир шумораи одамони қаллобе, ки бо макру фиреб муҳоҷирони меҳнатиро ба дом афканда, пулашонро мегиранду баъд якбора ғайб мезананд, хеле зиёд шудааст.

Одатан чунин миёнаравҳо аз номи ягон ширкат эълон дода, ваъда медиҳанд, ки бар ивази маблағи муайян ҳуҷҷатҳои муҳоҷиронро тахт карда, онҳоро ба Олмон, Корея, Англия, Туркия ва дигар давлатҳои хориҷӣ ба муҳоҷирати меҳнатӣ мебаранд, вале дар асл аз дасташон ягон кор намеояд. Пеш аз оне, ки ҳуҷҷатҳои худро ба чунин ширкатҳо месупоред, талаб намоед, ки иҷозатнома, яъне литсензияи ширкатро ба шумо нишон диҳанд ва барои маблағе, ки месупоред, расид, яъне квитансия диҳанд.

Бояд тазаккур дод, ки масъалаи муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷа, махсусан ба кишварҳои Аврупо дар сатҳи давлатӣ ҳал карда мешавад. Нияти ба хориҷи кишвар ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтан дошта бошед, беҳтараш ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, ба Агентии бо кортаъминкунӣ дар хориҷа ё ба Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон муроҷиат намоед. Ёдовар мешавем, ки дар назди Хадамоти муҳоҷират Марказҳои машваратӣ ва омодагӣ пеш аз сафари муҳоҷирон амал менамоянд, ки муҳоҷиронро роҳнамоӣ карда, ҳуҷҷатҳояшонро тахт менамоянд ва пешакӣ ба сафар тайёр мекунанд. Вақте ки бо воситаи ташкилоҳои давлатӣ ба муҳоҷирати меҳнатӣ меравед,ҳуқуқҳоятон аз ҷониби давлат ҳимоя шуда, музди меҳнати худро сари вақт мегиред ва дар сурати сар задани мушкилот бо корфармои хориҷӣ метавонед дубора ба ин ташкилотҳо муроҷиат намуда, кӯмак пурсед.
Ёдрас мешавем, ки Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Лоҳутӣ 108 ҷойгир шудааст. Телефонҳо барои тамос дар шаҳри Душанбе 221-39-92, шаҳри Хоруғ, 502-08-48-28, шаҳри Бохтар: 900-04-00-87 ва шаҳри Хуҷанд 92-976-63-63.
Хадамоти муҳоҷират дар суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Айнӣ 121 воқеъ гаштааст. Телефонҳо баро тамос: 225-05-75 ва 225-08-33

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД