arzon replenishment
Анонси шумораи №49-уми ҳафтаномаи “Оила”
2501

 

Дар шумораи №49-уми ҳафтаномаи “Оила” маводҳои зеринро мутолиа намоед:

 

Дар рубрикаи “Навиштам номае” номаҳои кутоҳи хонандагон таҳти унвони “Шавҳарам дар пирӣ зани ҷавон гирифт”, “Дод аз дасти марди латта!”, “Доғистонӣ писаронамро соҳибӣ кард” таҳия гардидааст.

Дар қисмати дуюми ҳамин саҳифа дар рубрикаи “Чеҳра” дар арафаи зодрӯзи ситораи эстрадаи тоҷик, ҳунарманди нотакрор зиндаёд Кароматуллои Қурбон маводе аз рӯзгор ва фаъолиятии ҳунарманд, марги фоҷиавӣ ва роҳи падарро идома додани фарзандону наберагони шодравон дарҷ гардидааст.

“Шавҳарам маъшуқа надоштааст” қиссаи ибратомӯзест барои бонувоне, ки босабабу бесабаб шавҳарони худро ба занҳои дигар рашк карда, ҳам зиндагиашонро талх мекунанду ҳам худро бемору руҳафтода.

Дар саҳифаи 4-уми ҳафтанома дар рубрикаи “Оила ва ислом” тақвими вақтҳои намоз барои моҳи декабр дарҷ гардидааст. Ҳамзамон дар ин саҳифа ба саволҳои хонандагон оид ба масъалаҳои динӣ аз ҷониби намояндагони дин посух дода шудааст. Дар ин ҳафта ба саволҳои “Кӯдакро бе ном гӯронам?”, “Мор дар хоб зиён аст?”, “Кӯдакро бе ном гӯронам?” ва дигар мавзуъҳо посухро мутолиа намоед. 

Дар рубрикаи “Номҳои тоҷикӣ” шумо метавонед номҳои духтарона ва писаронаро, ки бо ҳарфи “Э” ва “Я” сар мешаванд, барои фарзанди навзоди худ интихоб намоед.

Дар рубрикаи “Ҳуқуқи ман” ба саволи хонандагон оид ба мушкилиҳои ҳуқуқии оилавӣ посухи мутахассисро пайдо кардан мумкин аст. Дар ин шумора ба саволҳои “Кӯдак дар хона таваллуд шавад, шаҳодатнома медиҳанд?”, “Ғалати имлоиро аз номам ислоҳ карда метавонам?”, “Ҳуқуқи муаллифиамро чӣ гуна ҳимоя намоям?” ва “Дар 17-солагӣ издивоҷ кардан мумкин аст?” посухи адвокат дода шудааст.

“Бачаи оча” диламро хун кард” шикоятномаи зан, келин ва модаре аст, ки тамоми умр таҳти фишору зӯроварии хушдомани золим умр ба сар бурда, ҳатто баъд аз ба воя расидани ҷигарбандонаш наметавонад мустақилона фарзандони худро ба донишгоҳи дилхоҳашон дохил кунаду ба хости дилашон оиладор намояд.

Дар саҳифаи 7 “Муҳимтарин навгониҳои Ютуб, ТИК-ТОК ва Инстаграм” пешкаши хонандагони ҳафтанома гардонида мешавад. Дар ин ҳафта хабарҳои ҷолибро аз олами шабакаҳои маъруфтарини интернетӣ таҳти сарлавҳаи “Аз нақшофарии Диловар Сафаров дар Пекин то консерти Фараҳноз дар Австралия” мутолиа намоед.

Дар “Суҳбати сари роҳ” мухлисони сарояндаи хушсадо Муслима Қодирова аз навигариҳои кору ҳаёт, тавлиди аҷиби суруди “Алла”, садамаи ногаҳонӣ ва пайроҳани ноҳамвори тайнамудаи ин бонуи ҳунар мусоҳибаро мутолиа карда метавонанд.

Дар рубрикаи “Зебоӣ ва солимӣ” ба саволи хонанда таҳти унвони “Барои зебо будан чӣ бояд хӯрд?” ва “Фарзанди шуморо “прививка” карданд?” маводи тиббӣ пешниҳоди хонандагон гардонида мешавад.

Ин ва дигар матлабҳои ҷолибу хонданибобро аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” ҷӯед, ёбед, хонед!!!

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД