arzon replenishment
Анонси шумораи №50-уми ҳафтаномаи “Оила”
2461

 

Дар шумораи №50-уми ҳафтаномаи “Оила” маводҳои зеринро мутолиа намоед:

Дар рубрикаи “Навиштам номае” номаҳои кутоҳи хонандагон таҳти унвони “Шавҳари пулдорам маро одам намешуморад”, “Аз қайсингилам хавотирам”, “Хола ба ҷои модар набудааст” таҳия гардидааст.

Дар қисмати дуюми ҳамин саҳифа дар рубрикаи “Суҳбати сари роҳ” мусоҳибаи хабарнигори ҳафтанома бо продюсери шинохта, шоир, овозхон, эҷодкори заҳматкаш Зайн Шамсиддин оид ба ҳамкориҳои эҷодиаш бо сарояндаи ҷавон Ёсамин Давлатова пешниҳоди хонанда мегардад.

“Шавҳари маҷозӣ” қиссаи ибратомӯзест барои бонувоне, ки бахти худро тавассути сомонаву шабакаҳои иҷтимоӣ ҷӯё шуда, балохира ба доми мардони фиребгару ҳавасбоз меафтанд.

 

Дар саҳифаи 4-уми ҳафтанома ба саволҳои хонандагон оид ба масъалаҳои динӣ аз ҷониби намояндагони дин посух дода шудааст. Дар ин ҳафта ба саволҳои “Кай саҷдаи саҳв кунам?”, “Кадом занҳо биҳиштианд?”, “Дар пеши намоз об гузорем?”, “Рӯйи одами ғусл накарда ҳаром аст?”, “Дар як ҷойнамоз ду кас намоз хонем?”, “Ришу мӯйи сари падарамро гирам?” ва дигар саволҳо посухро мутолиа намоед. 

 

Дар рубрикаи “Номҳои тоҷикӣ” шумо метавонед номҳои духтарона ва писаронаро, ки бо ҳарфи “Э” ва “Я” сар мешаванд, барои фарзанди навзоди худ интихоб намоед.

 

Дар рубрикаи “Ҳуқуқи ман” ба саволи хонандагон оид ба мушкилиҳои ҳуқуқии оилавӣ посухи мутахассисро пайдо кардан мумкин аст. Дар ин шумора ба саволҳои “Ҳуқуқи ронандаҳо ҳифз мешавад?”, “Аз шавҳар ҷудо шудам, насабамро барқарор карда метавонам?”, “Ҳуқуқи падарӣ бе кор шавад, алимент месупорӣ?” ва “Тиҷорати ҳайвонот андоз дорад?” посухи адвокат дода шудааст.

 

“Бахт рақам надорад” зиндагиномаи занест, ки аз шавҳари аввалааш меҳру муҳаббат надида, бо шавҳари дуюмаш бо вуҷуди марди аз худаш калонсолу наберадор буданаш ҳам, чӣ будани лаззати зиндагиро эҳсос мекунаду саодати рӯзгор насибаш мегардад.

 

Дар саҳифаи 10 “Муҳимтарин навгониҳои Ютуб, ТИК-ТОК ва Инстаграм” пешкаши хонандагони ҳафтанома гардонида мешавад. Дар ин ҳафта хабарҳои ҷолибро аз олами шабакаҳои маъруфтарини интернетӣ таҳти сарлавҳаи “Аз вохӯрии Фаррух Ҳасанов бо президент то таронаи нави Соро Аҳмадова” мутолиа намоед.

 

Дар рубрикаи “Зебоӣ ва солимӣ” таҳти унвони “5 ғалат дар рангубори рӯй?” ва “Киҳо бештар шамол мехӯранд?” маводи тиббӣ ва маслиҳатҳои муфид оид ба асрори зебоӣ пешниҳоди хонандагон гардонида мешавад.

 

Дар рубрикаи “Нигоҳи зан” таҳти унвони “Рашк беморӣ аст ё дӯстдорӣ?” нуқтаи назари бонувон дар мавриди рашк кардани зану мард ва оқибатҳои ин падида гирд оварда шудааст.

Ин ва дигар матлабҳои ҷолибу хонданибобро аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” ҷӯед, ёбед, хонед!!!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД