Arzon march 2024
Ариза барои фарзандхонӣ чӣ гуна аст?
432


Ариза дар бораи фарзандхонии кӯдак, ки ба суд пешниҳод мешавад, кадом маълумотҳоро бояд, ки дарбар гирад?

Азамат, шаҳри Ҳисор

Мувофиқи талаботи моддаҳои 274, 275 Кодекси мурофиавии гражданӣ, ариза оид ба фарзандхондӣ аз ҷониби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мехоҳанд кўдакро фарзанд хонанд, ба суди шаҳр ё ноҳияи маҳалли истиқомат ё маҳалли ҷойгиршавии кўдаки фарзандхондшаванда ва ё маҳалли истиқомати ба фарзандӣ қабулкунандагон (ба фарзандӣ қабулкунанда) пешниҳод карда мешавад.

Дар аризаи фарзандхондии кўдак бояд маълумотҳои зерин зикр гарданд:
- насаб, ном, номи падар ва маҳалли истиқомати шахсони ба фарзандӣ қабулкунандагон (ба фарзандӣ қабулкунанда);
- насаб, ном, номи падар, санаи таваллуд ва маҳалли истиқомат ё маҳалли ҷойгиршавии кўдаки фарзандхондшаванда;
- насаб, ном, номи падар ва маҳалли истиқомати падару модари кўдаки фарзандхондшаванда, бародару хоҳар доштани ў. Дар сурати ғайриимкон будани ба даст овардани маълумоти мазкур дар ин хусус дар ариза қайд карда мешавад;
-ҳолатҳои асосноккунандаи хоҳиши шахсони ба фарзандӣ қабулкунандагон (ба фарзандӣ қабулкунанда) оид ба фарзандхондӣ ва ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ин ҳолатҳо;
- дархост оид ба тағйир додани насаб, ном, номи падар ва маҳалли таваллуди кўдаки фарзандхондшаванда, инчунин санаи таваллуди ў, оид ба сабти ба фарзандӣ қабулкунандагон (ба фарзандӣ қабулкунанда) ба сифати падару модар дар санади сабти таваллуди кўдак.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД