Arzon march 2024
АРӮСАМ ХИЁНАТ КАРД, ВАЛЕ…
10.01.2021
ОИЛА
12804

 

Нозанин ном ҳамсоядухтарро сахт дӯст медоштам. Падару модаронамон аз муҳаббати мо бохабар ва ба издивоҷамон розӣ буданд. Барои гузаронидани тӯй пул надоштем, аз ҳамин сабаб қарор додам, ки ба Русия мардикорӣ меравам. Як рафиқи падарам дар он ҷо хонаю дар дошт. Ду сол дар хонаи ҳамон марди нек зиндагӣ карда, пули тӯйро ҷамъ карда омадам.

Нозанинро аз баргаштанам огоҳ накардам, зеро мехостам барояш сюрприз намоям. Тасодуфан дар роҳ дӯстам Алишерро во хӯрдам. Пас аз аҳволпурсӣ Алишер гуфт, ки чанд маротиба Нозанинро бо як бача дидааст. Мани сарсахт ба гапи ҷӯраам бовар накарда, дашномаш додам. Алишер ранҷида гуфт: «Бовар накунӣ, биё ҳардуямон арӯсатро месанҷем!» Розӣ шудам. Қасд кардагӣ барин, ҳамин дам аз дур Нозанин намоён шуд. Дарҳол дар паси дарахте пинҳон шудем ва баъди аз мо гузашта хеле дур рафтанаш поида-поида аз пасаш рафтем. Нозанин ба боғ даромад. Дар боғ ба ғайри як ҷавон дигар касе наменамуд. Арӯси бешарму беҳаёи ман тозон рафта худашро ба оғӯши ҳамон ҷавон партофт. Аз сарам гӯё якбора як сатил оби ҷӯшонро рехта бошанд, дар обу арақ ғутидам. Аз шарми рафтори арӯси аблаҳам замин намекафид, ки дароям.

Дилам пора-пора шуд. «Акнун ба гапам бовар кардӣ?» пурсид Алишер. Сарамро ҷумбонда, ашки дар чашмонам ҳалқазадаро ноаён пок намудам ва фармудам, ки сурат гирад. Алишерро баъди гирифтани сурати ошиқони беҳаё ҷавоб дода, худам оҳиста-оҳиста наздашон рафтам. Нозанин маро дида талхакаф шуд ва бо овози базӯр шунаво гуфт: «Ту кай аз Россия омадӣ?!» Шапотии обдоре ба бари рӯяш фаровардаму пас гашта рафтам. Ҳодисаро бегоҳ ба модарам нақл кардам. Бовар накарда, маро девона хонд. Пагоҳӣ ҳамроҳи модар ба хонаи онҳо рафтем. Нозанин ҳанӯз хоб буд. Модарашро даъват карда, пурсидам, ки духтараш бо кӣ мегирдад. Ба ғазаб омада гуфт, ки аз афташ ман дар Россия ақламро бой додаам. Модарам ҳам маро девона хонд. Фармудам, ки Нозанинро бедор карда, ҳодисаи дирӯзаро пурсанд. Нозанин омад, вале гуноҳашро ба гардан нагирифта гуфт, ки маро акнун мебинад ва дирӯз аслан аз хона набаромада буд. Оташи ғазабам аланга зада, ба Алишер занг задам. Дарҳол расида омад ва расми Нозанину ошиқашро нишон дод. Нозанин илоҷи дигар наёфта, тасдиқ намуд, ки бо ҳамон ҷавон мегардад. Модараш ӯро лагадкӯб карду ману модарам ғамгин ба хона омадем. Барқасди Нозанин модарам ба ман чунон духтари зебоеро ёфта келин кард, ки ҳуснаш рашки париёнро меорад. Ҳамсояҳо арӯсбинӣ омада, ба гӯши ҳамдигар пичиррос мезаданд: “Ана арӯсу мана арӯс! Кӯр шавад, Нозанини ношукр!”

Пулро, ки дар Русия бо меҳнати ҳалол ёфта будам, Худованд сирри Нозанини бачабозро фош намуда, маро аз роҳи хато баргардонд ва арӯси покдомону нозанин ва худотарсу боимонро насибам гардонд.

Муҳоҷирбача





Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД