sebiston july new
Арӯсаш бо ҷавони дигар ба рақс баромаду…
4233

Ҷӯраам Шаҳбоз инсони хуб аст, вале як хислаташ писандам нест-бисёр бачаи гаправ аст ва ба туҳмату буҳтони бадхоҳон бовар карда ба арӯсаш ҷабру зулм мекунад. Ҳилола, дар тӯйи духтари холааш Аниса шоҳиди арӯс буд.

Шоҳиди домод бо зориву тавалло ӯро ба рақс баровард. Рақсидани онҳоро дида, авзои ҷӯраам якбора бе ҷо шуд ва тозон ба майдон баромада аз гиребони ҷавон дошту лагадкӯбаш кард. Ҳамдеҳагонаш тарафи он ҷавонро гирифта Акрамро заданд. Ночор ба моҷарои онҳо ҳамроҳ шудаму бо сару рӯи кабуд ба хона баргаштам. Акрам худи ҳамон шаб ба Ҳилола занг зада, чунон дашному ҳақоратҳое дод, ки забони кас ба такрор карданаш намегардад.

Ҳилола Акрамро дӯст медорад, бинобар ин, аз гуноҳаш гузашт, вале дашномҳои ҷӯраамро шунида, дили ман аз ишқу ошиқӣ хунук шуд. Ишқу муҳаббаташ ҳамин бошад, асло ошиқ намешавам!

Маҳмад аз н. Варзоб

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД