shoh palace
Арӯсро дар шаби тӯй иваз карданд
31.05.2020
Р. Азимӣ
8524

-Салом! Мебахшед, ин ҷо “Оила” аст?

-Бале, идораи сомонаи “Оила” аст. Ягон гуфтанӣ доштед?

-Мехоҳам як ҳодисаро ба шумо нақл кунам. Шумо метавонед онро бе ному насаби ман чоп кунед?

-Чаро намехоҳед, ки номатонро ифшо созед?

-Хандахариши мардум гаштан намехоҳам.

-Ин тавр бошад, мо ба шарти шумо розӣ. Марҳамат нақл кунед.

-Синну солам ба зангирӣ расиду падару модарам хоҳиш карданд, ки ягон духтари таги чашм кардагӣ дошта бошам, бигӯям, то ба хонаашон хостгорӣ рафта, сари маро ҷуфт намоянд. Азбаски дар дилам ишқи духтари муаллими Насриддин-Зуҳро ҷӯш мезад, номи ӯро ба забон овардам. Модарам хурсанд шуда, кулчаю тӯшаи бисёре карда келинбинӣ рафт. Бозгашташонро бо дили беқарор интизорӣ мекашидам. Ниҳоят хостгорҳо бо табъи болида баргаштанд. Табассумкунон пурсидам: “шер ё рӯбоҳ?” Модарам хандида гуфтанд: “Дили муаллими Насриддинро ёфтем, Худо хоҳад, ба наздикӣ арӯси орзукардаатонро ба хона мебиёрем!” Ин хабари хушро шунида аз шодӣ дар куртаам намеғунҷидам. Волидонам дар фотиҳа дурудароз истодан хуб нест гӯён, дарҳол дар тараддуди тӯй шуданд ва тамоми хостаҳои тарафи қудоро аз будаш зиёдтар харида бурда доданд. Сарояндаҳои номдорро “заказ” карда тӯйи пуршукуҳе оростан мехостем, ки таърифаш моҳҳо аз даҳони мардум наравад. Рӯзи тӯй субҳи барвақт бо либоси зебои домодӣ ба мошини “Лексус” нишаста, ба хонаи арӯс барои овардани маликаи орзуҳоям равон шудам. Корвони мошинҳои мо бо сигнали нишотангезаш тамоми ҳамсояҳои арӯсро ба кӯча баровард. Тарафи қудо моро бо гулборон пешвоз гирифта дар пеши пойи ман пойандози зебо партофтанд ва рақсу бозикунон ба хонае дароварданд, ки дар девораш чодари арӯсӣ зада буданд. Дар таги чодар хостам пойи арӯсро зер кунам, вале ҳамин вақт чашмам ба Зуҳро афтод, ки ба сару рӯи ману арӯсак қанд мепошид. Хаёл кардам, ки ба дилам корд халид. Арӯс аз дасти ман дошта аз хонаи падараш берун мешуд, мани лолу гаранг гашта бошам, дигар заминро дар зери поям ҳис намекардам. Дилам мехост фиғон кашам, ки ман Зуҳроро мехостам, на апаашро, вале аллакай кор аз кор гузашта буд ва дар хона омадани мо-домоду арӯсро меҳмонони зиёду сарояндаҳои номдор интизор буданд. Зуҳро пеш-пеши ману апааш рақс мекарду ман мисли паршикаста дарун ба дарун худро мехӯрдам. Бо табъи гирифта арӯсро ба хона оварда ба модарам дарафтодам, ки чаро маро фиреб карданд, охир ман Зуҳроро мехостам. Модарам иқрор шуд, ки Зуҳроро ба як хеши дурашон фотиҳа карда будаанд ва муаллим “инҳо дугоник ва як себи дукафон барин ба ҳамдигар монанданд, фарқаш чӣ, Фотимаро келин кардан гиред” гуфтааст. Ин иқрори модар як дарди маро сад дард гардонд ва нафаҳмида мондам, ки тӯй чӣ гуна анҷом ёфт. Арӯсро аз сари тахт ба хона дароварда ба ҷӯраҳоям гуфтам, ки Варзоб дамгирӣ меравем ва бо ҳамин баҳона аз хона баромадам. Аз тӯямон як ҳафта гузашта бошад ҳам, то ҳол ба Фотима наздик нашудаам. Арӯсро чашми дидан надорам. Намедонам то кай ману Фотима дар як хона мисли ду бегона зиндагӣ мекарда бошем. Сарҳисоби зиндагиамро гум кардаам, барои ҳамин аз хонандагони “Оила” маслиҳат пурсидан мехоҳам. Илтимос, роҳи дурусти ҳаётро ба ман нишон диҳед. “Сари кафида зери тоқӣ” гӯён худамро маҷбур карда бо Фотима зиндагӣ кунам ё аз баҳраш гузашта зани дигар бигирам?

Хонандаи “Оила”

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД