Commerc banl
Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон барои бозӣ бо Тимори Шарқӣ эълон гардид
11.11.2025
Oila.tj
224

Ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти роҳбарии Горан Стеванович ҳайати бозигаронро барои бозии интихобии Ҷоми Осиё-2027 бар зидди Тимори Шарқӣ, ки 18-уми ноябр дар Дарвини Австралия баргузор мешавад, эълон кард.

Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, рӯйхати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 24 бозигарро дар бар мегирад - 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар.

Дастаи мо ба Австралия сафар мекунад ва онҷо барои бозӣ бо Тимори Шарқӣ омодагӣ мебинад.

Вохӯрии интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар гурӯҳи «А» байни яккачинҳои Тимори Шарқӣ ва Тоҷикистон 18-уми ноябр дар ҳудуди варзишгоҳи Лигаи регбии шаҳри Дарвини Австралия баргузор гашта, соати 16:00 ба вақти маҳаллӣ (11:30 ба вақти Душанбе) оғоз мешавад.

Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон барои бозии интихобии Ҷоми Осиё-2027 муқобили дастаи Тимори Шарқӣ:

Дарвозабонҳо: Рустам Ятимов («Ростов», Россия), Олег Баклов («Туран Товуз», Озарбойҷон), Далер Азизов («Ҳосилот»).

Дифоъгарон: Зоир Ҷӯрабоев («Суғдиёна», Ӯзбекистон), Меҳрубон Каримов («Локомотив», Гурҷистон), Аҳтам Назаров, Манучеҳр Сафаров, Табрез Исломов, Содиқҷон Қурбонов (ҳама аз «Истиқлол»), Алиҷон Кароматуллозода («Равшан»), Мусо Каҳоров («Барқчӣ»).

Ниммуҳофизатгарон: Парвизҷон Умарбоев («Локомотив», Булғористон), Амирбек Ҷӯрабоев, Эҳсони Панҷшанбе, Муҳаммадҷон Раҳимов (ҳама аз «Истиқлол»), Алишер Шукуров («Хуҷанд»), Шервонӣ Мабатшоев, Далер Имомназаров (ҳарду аз «Регар-ТадАЗ»), Азизбек Ҳаитов («Равшан»), Ҷовидон Хушвахтов («Барқчӣ»).

Ҳамлагарон: Шаҳром Самиев («Хоразм», Ӯзбекистон), Рустам Соиров («Истиқлол»), Нуриддин Ҳамроқулов («Вахш»), Шериддин Бобоев («Равшан»).

Сармураббӣ: Горан Стеванович (Сербия).

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД