Имрӯз агар ҳар як мусулмонро пурсем, ки маънии рӯза чист, ӯ мегӯяд, ки “рӯза - худдорӣ аз хӯрдану ошомидан ва алоқаи ҷинсӣ аст”.
Ин се чиз барои инсон дар мавридаш ҳалол ва равоянд. Хӯрдан ҳалол, нӯшидан ҳалол ва алоқаи ҷинсии бо роҳи никоҳ ҳама равост. Рӯзадор дар моҳи Рамазон аз субҳи содиқ то намози шом аз ин чизҳои ҳалол ва раво худдорӣ мекунад. Хеле айб аст, ки инсон аз чизҳои ҳалол худдорӣ карда тавонаду аз ҳаром худдорӣ накарда, дурӯғ гӯяд, ғайбат намояд, ба ҳаром нигоҳ кунад...
Ин чӣ хел рӯза аст, ки рӯзадор ба хотири гузаронидани вақт ба тамошои филмҳои шаҳватангезу даҳшатафкан машғул шавад? Ҳалолро тарк намудану ҳаромро тарк накардан чӣ маънӣ дорад?
Боре Расули акрам (с) шуниданд, ки ду зани рӯзадор нишаста мардумро ғайбат мекунанд. Он гоҳ Расули Худо (с) чунин фармуданд: “Ин ду зан нисбати он чизе, ки Худованд бар онҳо ҳалол кардааст, рӯза ҳастанд ва ба чизҳое, ки Худо бар онҳо ҳаром намудааст, ифтор кардаанд”. (Яъне хӯрдану нӯшиданро, ки ҳалол аст, бар худ манъ кардаанд, вале ғайбату суханчиниро, ки ҳаром аст, барои худ озоду мубоҳ кардаанд).