Oila Navruz
Аз ғазаби худо битарсед, мардҳои дузана!
1343


Зайнаб ҳастам аз шаҳри Душанбе. Мехоҳам фикру ақидаи худро нисбати мардҳои бисёрзана баён намоям. Тавре ба ҳамагон маълум аст, солҳои охир шумораи мардҳои дузанаву сезана афзудааст.

Ман ба иззати нафси мардон расиданӣ нестам, вале баъзеяш дар киса як тини пучак надоранду боз зангир мешаванд. Аксарияташон аз рӯи ҳавою ҳавас ду зан гирифта, аз ӯҳдаи таъмини ҳарду баромада наметавонанд, вале боз зани сеюм мегиранд ва лоф мезананд, ки барои як мард ҳафт зан кам аст.

Эй бародарони худхоҳ, аввал аз рӯйи шариат ҳар ду зани гирифтаатонро баробар нигоҳубину таъмин намоед, баъд орзуи зани сеюму чорумро кунед! Ба мардони худхоҳи ноинсоф гуфтаниям, ки агар имконият надоред, беҳуда занҳои бечораро бо фарзандонашон азобу азият надиҳед.

Фарзанд гунаҳкор нест, ки дар оилаи зани дуюм ё сеюм ба дунё меояд, ояндаи ҷигарбандони худро андеша намоед. Нагузоред, ки шумораи занҳои дар нимароҳи тақдир партофтаву бе сарпаноҳ зиёд шуда, тифлакони бегуноҳ азият кашанд.

Магар андешаи ман нодуруст аст? Фикру андешаҳои шуморо донистан мехоҳам.
Зайнаб

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД