Commerce bank may-june 2026
Аз Худо шарм дор, дугона! (ҚИСМИ 2)
453

Кӯчаҳои зиндагӣ

Тӯйи мо дар як тарабхонаи зебое баргузор гашт, меҳмонони зиёде дар он ширкат варзиданд. Корвони арӯсии мо ба деҳаи дурдасти кӯҳистон роҳ пеш гирифт, ҳама мехостанд духтари ҳунарманди машҳурро бубинанд. Он арӯсеро, ки ишқи ӯ зеботарин ҷавони деҳаашонро маҷбур сохт, ки ду сол дар ғарибиҳо кор карда, барои вай дар шаҳр хона харад. Ман ҳам то ҷое метавонистам, ҳурмату эҳтироми эшонро ба ҷо овардам ва дар ду моҳи дар деҳа буданам дар дили онҳо ҷо гирифтам.

Ба шаҳр баргаштем, ман ба кор мерафтаму Саъдӣ дар хона буд. Ӯ бисёр баномус буд ва барои ба қавли худаш дар гардани ман бор нашудан дар як маркази забономузӣ ба кор даромад. Маошаш бад набуд, барои ду нафар зиёдатӣ буд, вале аз Русия ҳамкоронаш зангаш заданду ӯ бо волидонаш маслиҳат карда, озими ғурбат гашт. Ман мегиристам, ки нарав, ҳоли ӯ аз ҳоли ман хубтар набуд, базӯр ашкашро нигоҳ медошт ва маро тасалло дод:

- Ғам нахӯр, пули як мошинро кор карда бармегардам ва баъд ин ҷо ҳам кор мекунам, ҳам таксӣ мезанам, то зиндагии шоистае дошта бошем.

Ӯ инро тагдор карда гуфт, зеро ман ҳомила будам. Саъдӣ ба ман бовар мекард, ман дар шабакаҳои иҷтимоӣ саҳифа доштам, вале ҳамааш таҳти назорати ӯ буданд. Ҳамин тавр, ман ба дунёи маҷозӣ роҳ ёфтам, дар ин ҷо ҳам дӯстони мо муштарак буданд.

Як дӯсти шавҳарам Асал ном дошт ва ман ҳам ба ӯ дугонаи маҷозӣ шудам. Аз шавҳарам шунида будам, ки Асал хеле ҷавон шавҳар карда, зуд ҷудо мешавад, азбаски бе ризогии волидонаш хонадор шуда буд, ҳаёташ вазнин мешавад. Акнун бо духтараки бемораш иҷоранишин аст. Ростӣ дилам ба Асал, ки ба ман ҳама рози дилашро мегуфт, сӯхт ва шиносҳои волидонамро восита карда, барои ӯ кори сердаромад, хобгоҳ ёфтем. Ҳар гоҳе духтарчааш касал шуда ба беморхона афтад, хабаргирияш мерафтаму пулаш медодам.

Хиёнати дугона

Бо хости Худованди карим соҳиби писарчаи зебое шудам. Шавҳарам омада чор моҳ бо мо истоду боз рафт. Дигар ҳамин хел одат кардам ба муҳоҷирати ҳамсарам. Асал зуд-зуд ба хонаам меомад, маро хоҳари азиз мегуфту гоҳе духтарашро наздам монда, куҷое ғайб низ мезад. Мани дилсӯзу сода, хайр, ҳеҷ гап не, шояд ягон марди хубе ёфта хонадор мешавад гӯён, духтарчаашро аз ҷону дил нигаҳбонӣ мекардам, аммо…

Як шаб Саъдӣ бароям коде равон кард, ки бароям маблағ фиристода буд, болотар аз он коди дигар буд, ки бо номи Асал даҳ ҳазор рубли русӣ фиристода буд. Ман на ҷанҷол кардаму на гапи дигар гуфтам, аммо Худованд чашмони маро ба рӯи хиёнаткории ҳамсараму дугонаи нону намакхӯрам кушод. Чанд рӯз пас Саъдӣ расмҳояшро ба ман фиристод бо Вотсап, ӯ расми зиёде фиристода, нафаҳмида суратҳои урёни Асалро ҳам ба ман равон кард. Аҷаб шармандагие, ман бовар надоштам, ки Асал то ин дараҷа беҳаё бошад, ӯ тани урёни худро… ба гуфтан забонам намегардад… сурат гирифта, ба Саъдӣ мефиристодааст. Дар дилам як ларзае афтод, ки ду ҳафта боз таркам намекунад. Модарам мегӯяд, ки то омадани Саъдӣ ин розро пинҳон мон, омад, баъд суҳбат мекунем, аммо намедонам то омадани ӯ ин ларзишу сӯзиш маро ба чӣ ҳол мерасонад. Асалро аз рӯйхати дӯстонам хориҷ намуда, блокаш кардам ва ӯ чизеро пай бурдагӣ барин, аз зиндагии ман гум шуд, дигар аз вай на пай ҳасту на ҳайдар. Аммо чун аз саҳифаи модарам ба саҳифааш даромадам, чунин пост мондааст:

- Тавба, ба расми шавҳари як дугонаам лайк мондам, маро аз рӯйхати дӯстонаш берун кард.

Ҳайфи дӯстӣ ва нону намаки хӯрдагиямон, боз чанд фоҳишаву фоҳишакампир ва мардони занакчае зери он шарҳ гузоштаанд, ки ту охир зебоӣ, барои ҳамин дугонаҳоят туро рақиби худ мешуморанд.
Аҷаб замоне, забони дузду ғар ин қадар дароз шудааст! Хостам суратҳои урёни «соҳибҷамолашон»-ро дар шарҳ гузорам, вале боз аз обу рӯи худаму волидонам фикр кардам. Намедонам ояндаи оилаи бо сад орзу бунёд намудаи мо чӣ мешавад, метарсам он қурбони хиёнат нагардад…

Бо эҳтиром, хонандаи доимии шумо АСИЯ

Таснифи Рухсора САИД

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД